“Бо созмони террористию экстремистӣ ҳамкорӣ мекард”: боздошти як имомхатиб дар Кӯлоб

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий молится, архивное фото
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, боздошти имомхатиби яке аз масҷидҳои шаҳри Кӯлобро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, 5 марти соли равон имомхатиби яке аз масҷидҳои шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ боздошт шуда буд, аммо мақомот ҷузъиёти ин боздоштро ироа накарданд.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Ятимов ба мансабдорони аврупоӣ аз ҲНИТ шикоят кард
Маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 5-уми марти соли равон Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи "Нонбои Поён" – и шаҳри Кӯлоб аз сӯи кормандони мақомоти амниятии кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ боздошт шудааст.
"Тибқи иттилои бадастомада, номбурда бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии фавқуззикр фаъолият менамудааст. Маҳмадсодиқ Саидов 29 сол дошта, аз соли 2016 инҷониб ҳамчун имомхатиб фаъолият менамуд. Вобаста ба масъалаи мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад”, - гуфт ин манбаъ.
Шоҳиён гуфт, ҳукми Кабирӣ содир шуд, вале махфӣ аст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористию экстремистӣ ворид шуда, то ин замон теъдоде ҳам ба иттиҳоми узвият дар ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0