https://sputnik.tj/20210311/orati-korkhonai-Murparvar-dar-Levakand-1032981270.html
Ғорати корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд
Ғорати корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи дуздии дастгоҳҳои корхонаи “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд ба ин корхона 27 ҳазор сомонӣ зарари... 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T12:15+0500
2021-03-11T12:15+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
леваканд
мурғпарварӣ
дастгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/60/1030636028_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_1ca6e21a62e467c2dce3c4c31576e531.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошту ду ҷавон хабар дод, ки дар дуздии чанд дастгоҳи корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд гумонбар дониста мешаванд. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран ба ШВКД дар шаҳри Левакант ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят бурдааст, ки дар ҷойи кораш ҶДММ “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд санаи 2-юми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мурғпарварии мазкур даромада, аз он ҷо 6-адад дастгоҳро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Номбурда қайд кардааст, ки зарари расонидашуда 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Зимнан, дар асоси шикояти муроҷиаткунанда, кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 24-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакантро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур боздошт намуданд.Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритус ба ШВКД ноҳияи муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми феврали соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галекси А-50”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, масъулини ВУД-и Тоҷикистон қайд карданд, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома доранд.
https://sputnik.tj/20210203/javon-moshin-duzd-bozdosht-1032751704.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/60/1030636028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_279489982f490047c148f1762f09254b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, леваканд, мурғпарварӣ, дастгоҳ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, леваканд, мурғпарварӣ, дастгоҳ
Ғорати корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд
12:15 11.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи дуздии дастгоҳҳои корхонаи “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд ба ин корхона 27 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошту ду ҷавон хабар дод, ки дар дуздии чанд дастгоҳи корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд гумонбар дониста мешаванд.
Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран ба ШВКД дар шаҳри Левакант ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят бурдааст, ки дар ҷойи кораш ҶДММ “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд санаи 2-юми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мурғпарварии мазкур даромада, аз он ҷо 6-адад дастгоҳро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Номбурда қайд кардааст, ки зарари расонидашуда 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, дар асоси шикояти муроҷиаткунанда, кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 24-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакантро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур боздошт намуданд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритус ба ШВКД ноҳияи муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми феврали соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галекси А-50”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
"Аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ВУД-и Тоҷикистон қайд карданд, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома доранд.