https://sputnik.tj/20210311/moshinash-nigoh-nakard-Rustami-moshin-halokat--1032980988.html
Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шуд
Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се садамаи маргбор дар ҳудуди ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо як нафараш ноболиғи... 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T11:00+0500
2021-03-11T11:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
садамаи нақлиётӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_286e65baee391c3079f30a04cc5b9b8f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, муаяйн кардааст, ки чанде пеш ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғро пахш намудааст, ки дар нитиҷа кӯдаки панҷ сола ба ҳалокат расидааст.Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохила, ронанда ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳай карда баромадан, ба қафои автомашина нигоҳ накарда, ноболиғ Мирзоев Рустам Илҳомиддинович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.Қайд карда шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Мирзоев Рустам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Инчунин ВУД-и Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 9-уми марти соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Сервес", Исматов Усмонхоҷа, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Айнӣ-Панҷакент", дар мавзеи "Ёвон"-и ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "РАФ-4", таҳти идораи ронанда, Рофиев Ҷамшед, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст.Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "РАФ-4", Шарифов Рустами 39 - сола, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.Ҳамзамон санаи 10-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Худойназаров Маҳмадюнус, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Восеъ-Ховалинг", дар ҳудуди деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Ҷомбахт қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 2-метр чаппа шудааст.ВУД таъкид доштааст, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур, Иброҳимова Гулдастаи 55 - сола ва Фароғати Қамариддини 26 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Дар ҳамин ҳол ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон худи ронанда Худойназаров Маҳмадюнус ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.Манбаъ зикр кардааст, дар айни замон кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.
https://sputnik.tj/20210309/Sadamai-Muqimjon-moshin-80-solar-pakhsh-1032967764.html
https://sputnik.tj/20210212/Sadama-margbor-varzob-1032813409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_ed3e38646a790e28395076205360c02c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вазорати умури хориҷии тоҷикистон, садамаи нақлиётӣ, даргузашт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вазорати умури хориҷии тоҷикистон, садамаи нақлиётӣ, даргузашт
Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шуд
11:00 11.03.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се садамаи маргбор дар ҳудуди ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо як нафараш ноболиғи 5-сола будааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, муаяйн кардааст, ки чанде пеш ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғро пахш намудааст, ки дар нитиҷа кӯдаки панҷ сола ба ҳалокат расидааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохила, ронанда ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳай карда баромадан, ба қафои автомашина нигоҳ накарда, ноболиғ Мирзоев Рустам Илҳомиддинович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Мирзоев Рустам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ВУД-и Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 9-уми марти соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Сервес", Исматов Усмонхоҷа, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Айнӣ-Панҷакент", дар мавзеи "Ёвон"-и ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "РАФ-4", таҳти идораи ронанда, Рофиев Ҷамшед, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "РАФ-4", Шарифов Рустами 39 - сола, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон санаи 10-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Худойназаров Маҳмадюнус, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Восеъ-Ховалинг", дар ҳудуди деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Ҷомбахт қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 2-метр чаппа шудааст.
ВУД таъкид доштааст, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур, Иброҳимова Гулдастаи 55 - сола ва Фароғати Қамариддини 26 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон худи ронанда Худойназаров Маҳмадюнус ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ зикр кардааст, дар айни замон кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.