Русия хатсайри нави мустақим ба Тоҷикистонро боз мекунад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Ба ширкати ҳавопаймоии русии "Уральские авиалинии" иҷозат дода шудааст, ки ҳафтае се маротиба аз Перм ба Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Агентии федеролии нақлиёти ҳавоӣ ба парвозҳо аз як шаҳри дигари Русия ба Тоҷикистон иҷозат додааст, менависад сомонаи ин ниҳод.
Возобновление международных рейсов из аэропорта Ростова-на-Дону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон аз Ростов роҳандозӣ мешавад
"Уралские авиалинии" дархостро барои парвозҳо ба ду шаҳри Тоҷикистон тавассути хатсайрҳои Перм-Кӯлоб ва Перм-Қӯрғонтеппа ҳафтае се маротиба тасвиб кард.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин парвозҳо ҳанӯз дар ҷадвал нестанд, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ танҳо ба хатсайрҳо роҳ дода шудааст.
Иҷозатнома ҳуқуқи парвози ҳавопаймоҳоро медиҳад, аммо ширкатро барои иҷрои ин вазифа вазифадор намекунад.
Ғайр аз он, хабар дода мешавад, ки Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоӣ парвозҳоро аз Перм ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Урдун иҷозат додааст.
Агентӣ инчунин рӯйхати ширкатҳои ҳавопаймоиро, ки барои ташкили парвозҳо ба самтҳои гуногун аз Перм иҷозатнома гирифтаанд, нашр кард.
Қисми зиёди парвозҳо ба Ӯзбекистон ташкил карда шудааст. Онҳо дар ҳашт шаҳр: Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Қаршӣ, Нукус, Намангон, Навоӣ ва Ургенч кушода мешаванд.
Илова бар ин, маълум аст, ки ба ширкати "Уралские авиалинии" ҳамзамон иҷозат дода шудааст, ки парвозҳои мунтазам ба Қирғизистонро дар самтҳои шаҳрҳои Тамчи ва Ӯш анҷом диҳад.
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон аз Ростови лаби Дон кушода шуда буд. Парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа анҷом дода мешаванд ва санаи пешакии барқарор кардани парвозҳо 29 март гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0