Мақомоти Қирғизистон: Тоҷикистону Ӯзбекистон аз қаламрави мо нафту газ истихроҷ намекунанд

© Public domainНефтяные насосы, архивное фото
Нефтяные насосы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон иддаои вакили парлумони ин кишварро, ки гӯё Тоҷикистону Ӯзбекистон аз қаламрави Қирғизистон ба таври ғайриқонунӣ нафту газ истихроҷу сипас ба кишварҳои худ содирот мекунанд, беасос хонд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон дар як изҳораташ эълон кардааст, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нафту газро ба таври ғайриқонунӣ аз минтақаи Бодкант истихроҷ намекунанд, иттилоъ додааст сомонаи 24.kg дар истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодкант.
Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Амниятиҳои Қирғизистон як гурӯҳи террористиро боздошт карданд
Бояд гуфт, ки чанде пеш Бейшенали Нурдинов вакили парлумони Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар истихроҷи ғайриқонунии нафту газ дар минтақаи Бодкант айбдор кард.
Ба гуфтаи вакил, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ғайриқонунӣ аз чоҳҳои минтақаи Оқ-Турпаки Бодкант нафту газ мегиранд ва сипас онро ба кишварҳои худ содирот мекунанд.
Тибқи иттилои Ҳукумати вилоят, Бодканд, барои омӯзиши ин масъала Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва прокуратура тафтишот анҷом доданд.
Зимни санҷиш ҳеҷ маълумот дар бораи содироти ғайриқонунии нафту газ ошкор нашуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон расман хабар додааст, ки иттилои вакили парлумон дар бораи содироти ғайриқонунии нафт аз вилояти Бодканд ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон воқеият надорад.
“Тибқи қарори ҳукумат аз 1 марти соли 2021, содироти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Қирғизистон берун аз қаламрави гумрукии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ аст. Дар ин росто, КДАМ дар якҷоягӣ бо нирӯҳои марзбонӣ барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулоти нафтӣ ва назорати содироти он кор мебаранд”.
Айни замон, кормандони ҳукумату идораҳо миёни аҳолии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, ин иттилоъ аввал дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ёфт, ки ҳоло асосе барои ташвиш надорад, зеро он ба воқеият наздик нест.
Лентаи хабарҳо
0