https://sputnik.tj/20210310/tarkish-vulqon-dar-Kamchatka-1032975141.html
Зебо ва даҳшатбор: таркиши вулқон дар Камчатка - видео
Зебо ва даҳшатбор: таркиши вулқон дар Камчатка - видео
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Донишкадаи вулқоншиносӣ ва зилзиласанҷии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия як падидаи ваҳшатнок ва ҳамзамон зебои табиӣ - таркиши вулқони... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T13:00+0500
2021-03-10T13:00+0500
2021-03-10T13:17+0500
видео
кишвари камчатка
таркиш
таркиш
даҳшат
ҳодисаи даҳшатнок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032974820_0:0:985:554_1920x0_80_0_0_e9d81769420c183e1b03d968da9b729e.jpg
Дар Камчатка Ключевская Сопка фаввора мезанад - баландтарин вулқон дар УрОсиё, ки баландии он ба 4649 метр мерасад.Дар навор як падидаи беназир, яъне ташаккули конуси нави вулқонро дидан мумкин аст. Дар видео абрҳои ғафси дуди сурх, партовҳои гарм ва ҷараёни лаваи 10-метра дида мешавад.Олимон қайд карданд, ки бинобар баланд шудани ҳарорат, пиряхи наздики вулқон об шуд, ки ин боиси пайдоиши сели лой гардид. Пас аз таркиш, чун қоида, бомбаҳои вулқонӣ бо диаметри то ним метр партов мешаванд.Ба гуфти Алексей Озеров, директори Пажӯҳишгоҳи вулқонсиносии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия, барои аксбардории таркиши вулқон, мутахассисон бо мошинҳои барфӣ ба як тарафи вулқон наздик шуданд. Ғайр аз аксҳо ва видеоҳо, онҳо аксҳои термикиро низ ба даст оварданд.Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир хатаре вуҷуд надорад. Аммо, ҷараёнҳои санги лой метавонад дар натиҷа роҳҳои байни деҳоти Ключи ва Козыревскро шуста, тавозуни экологии дарёҳои наздикро вайрон кунанд.Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - наворЁдовар мешавем, ки то ин дам, хурӯҷи қуллаи Ключевская Сопка аз рӯзҳои аввали моҳи октябри соли 2020 то 8 феврали соли 2021 метаркид.
https://sputnik.tj/20210307/1032963322.html
кишвари камчатка
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032974820_25:0:764:554_1920x0_80_0_0_ad24f348f59c78ffc9d3c1caf22043f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, кишвари камчатка, таркиш, таркиш, даҳшат, ҳодисаи даҳшатнок
видео, кишвари камчатка, таркиш, таркиш, даҳшат, ҳодисаи даҳшатнок
Зебо ва даҳшатбор: таркиши вулқон дар Камчатка - видео
13:00 10.03.2021 (Навсозишуда: 13:17 10.03.2021) Кормандони Донишкадаи вулқоншиносӣ ва зилзиласанҷии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия як падидаи ваҳшатнок ва ҳамзамон зебои табиӣ - таркиши вулқони Ключевская Сопкаро ба навор гирифтанд
Дар Камчатка Ключевская Сопка фаввора мезанад - баландтарин вулқон дар УрОсиё, ки баландии он ба 4649 метр мерасад.
Дар навор як падидаи беназир, яъне ташаккули конуси нави вулқонро дидан мумкин аст. Дар видео абрҳои ғафси дуди сурх, партовҳои гарм ва ҷараёни лаваи 10-метра дида мешавад.
Олимон қайд карданд, ки бинобар баланд шудани ҳарорат, пиряхи наздики вулқон об шуд, ки ин боиси пайдоиши сели лой гардид. Пас аз таркиш, чун қоида, бомбаҳои вулқонӣ бо диаметри то ним метр партов мешаванд.
Ба гуфти Алексей Озеров, директори Пажӯҳишгоҳи вулқонсиносии филиали Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия, барои аксбардории таркиши вулқон, мутахассисон бо мошинҳои барфӣ ба як тарафи вулқон наздик шуданд. Ғайр аз аксҳо ва видеоҳо, онҳо аксҳои термикиро низ ба даст оварданд.
"Кормандони донишкада вазифадор карда шуданд, ки дар наздикии ҳодисаҳо қарор дошта, мушоҳидаҳо гузаронанд. Ин имкон медиҳад, ки фавран Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ташкилотҳои махсусро ҳангоми таҳияи сенарияҳои номусоид огоҳ созанд", - гуфт Озеров.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир хатаре вуҷуд надорад. Аммо, ҷараёнҳои санги лой метавонад дар натиҷа роҳҳои байни деҳоти Ключи ва Козыревскро шуста, тавозуни экологии дарёҳои наздикро вайрон кунанд.
Ёдовар мешавем, ки то ин дам, хурӯҷи қуллаи Ключевская Сопка аз рӯзҳои аввали моҳи октябри соли 2020 то 8 феврали соли 2021 метаркид.