https://sputnik.tj/20210310/jonibek-murodov-eurovidinie-manizha-sangin-1032979536.html
Ҷонибек Муродов: "Евровидение" озмуни сиёсие беш нест
Ҷонибек Муродов: "Евровидение" озмуни сиёсие беш нест
Sputnik Тоҷикистон
Дар озмун як қатор омилҳое ҳастанд, ки новобаста аз тарона ва истеъдоди ҳунарманд ба пирӯзӣ таъсир мерасонанд, мегӯяд Муродов 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T19:22+0500
2021-03-10T19:22+0500
2021-04-19T16:56+0500
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамаи хабарҳо
манижа сангин
ҷонибек муродов
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102475/60/1024756049_0:14:1001:577_1920x0_80_0_0_6600ece556dea49daccf0f94c7fe4de9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Ҷонибек Муродов, ҳунарманди номии тоҷик бар он аст, ки озмуни "Еворовидение" баробари байналмилалӣ ва номӣ буданаш, сиёсист. Дар пирӯзӣ дар он як қатор омилҳои беруна таъсир мерасонанд.Баробари ин, Муродов изҳори хурсандӣ мекунад, ки имсол зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар "Еворовидение" ширкат меварзад.Ба даҳгонаҳо ҳам шомил намешавад: интиқод аз таронаи Манижа ба Eurovision - 2021"Барои пешравии ҳар як фарзанди тоҷик ман ҳам шодам. Муваффақияти худ низ ҳисоб мекунам. Ба Манижа бурдборӣ мехоҳам", - мегӯяд вай.Ба ақидаи ҳунарманди тоҷик, "нафароне ҳастанд, ки натиҷаи "Евровидение"-ро муайян мекунанд". Аммо баробари ин, ба гуфтаи вай, тарона ва тарзи иҷрои он ба пирӯзӣ таъсир хоҳад расонд.Муродов мегӯяд, ҳарчанд жанре ки Манижа мехонад, барояш бегона ва нофаҳмо аст, алтбатта пирӯзии Манижаро истисно карда наметавонад.Пештар чанд коршинос дар Русия аз таронаи "Russian Woman", ки Манижа ба озмун пешниҳод кардааст, изҳори нигаронӣ карда буданд. Ба иддаои онҳо, тарона барои пешниҳод ба ин озмун заиф аст, ҳарчанд бештари онҳо ба як чизи нав будани ин суруд таъкид мекунанд.Ҷонибек низ мегӯяд, ки ин жанрро намефаҳмад ва барояш ҷолиб нест. Аммо истеъдоди Манижаро қадр мекунад."Шояд дар Аврупо, ки навовариро дӯст доранд, ин тарона бисёр мақбул шавад", - меафзояд ӯ.Муродов новобаста аз интиқодҳое, ки ҷониби Манижа садо медиҳанд, бар он аст, ки пирӯзии тоҷикдухтар дар овоздиҳии пешакӣ шаффоф буд ва ин далели он аст, ки эътиқод бар ӯ дар Русия кам нест.Хело боистеъдод: ҷонибдории Филипп Киркоров аз Манижа дар Евровидение-2021"Манижаро аллакай интихоб кардаанд ва дигар ҷои гап нест. Ӯ Роттердам меравад ва шояд пирӯз ҳам шавад. Танҳо барояш муваффақият мехоҳем", - мегӯяд ҳунаманди тоҷик ва меафзояд, ки ҳарчанд пештар "Евровидение"-ро пайгирӣ намекард, имсол барои дастгирии як зодаи Тоҷикистон ҳатман тамошо хоҳад кард."Евровидение-2021" дар Роттердами Ҳоланд 17-22 май баргузор хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210310/Yuliya-Savicheva-Manizha-imkon-piruz-Evrovidenie-1032973911.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102475/60/1024756049_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_3bb7832dc631e741359065d14f1a3ac5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, ҳамаи хабарҳо, манижа сангин, ҷонибек муродов, озмун
дар тоҷикистон, дар русия, ҳамаи хабарҳо, манижа сангин, ҷонибек муродов, озмун
Ҷонибек Муродов: "Евровидение" озмуни сиёсие беш нест
19:22 10.03.2021 (Навсозишуда: 16:56 19.04.2021) Дар озмун як қатор омилҳое ҳастанд, ки новобаста аз тарона ва истеъдоди ҳунарманд ба пирӯзӣ таъсир мерасонанд, мегӯяд Муродов
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Ҷонибек Муродов, ҳунарманди номии тоҷик бар он аст, ки озмуни "Еворовидение" баробари байналмилалӣ ва номӣ буданаш, сиёсист. Дар пирӯзӣ дар он як қатор омилҳои беруна таъсир мерасонанд.
"Ман фикр мекунам, ки "Евровидение" як озмуни сиёсӣ аст", - таъкид кард ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Баробари ин, Муродов изҳори хурсандӣ мекунад, ки имсол зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар "Еворовидение" ширкат меварзад.
"Барои пешравии ҳар як фарзанди тоҷик ман ҳам шодам. Муваффақияти худ низ ҳисоб мекунам. Ба Манижа бурдборӣ мехоҳам", - мегӯяд вай.
Ба ақидаи ҳунарманди тоҷик, "нафароне ҳастанд, ки натиҷаи "Евровидение"-ро муайян мекунанд". Аммо баробари ин, ба гуфтаи вай, тарона ва тарзи иҷрои он ба пирӯзӣ таъсир хоҳад расонд.
Муродов мегӯяд, ҳарчанд жанре ки Манижа мехонад, барояш бегона ва нофаҳмо аст, алтбатта пирӯзии Манижаро истисно карда наметавонад.
"Аврупоиҳо мардуми раҳмдиланд. Ба фикри ман чандтарафа бояд барор кунад, то ҳунарманд дар озмун пирӯз шавад. Муҳим тарона бояд барои аврупоиҳо шинос ва хит бошад. Аз тарафи дигар, иҷрои он дар озмун ва пешниҳоди ҷолиб метавонад сарнавиштсоз шавад", - таъкид мекунад ӯ.
Пештар чанд коршинос дар Русия аз таронаи "Russian Woman", ки Манижа ба озмун пешниҳод кардааст, изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ба иддаои онҳо, тарона барои пешниҳод ба ин озмун заиф аст, ҳарчанд бештари онҳо ба як чизи нав будани ин суруд таъкид мекунанд.
Ҷонибек низ мегӯяд, ки ин жанрро намефаҳмад ва барояш ҷолиб нест. Аммо истеъдоди Манижаро қадр мекунад.
"Шояд дар Аврупо, ки навовариро дӯст доранд, ин тарона бисёр мақбул шавад", - меафзояд ӯ.
Муродов новобаста аз интиқодҳое, ки ҷониби Манижа садо медиҳанд, бар он аст, ки пирӯзии тоҷикдухтар дар овоздиҳии пешакӣ шаффоф буд ва ин далели он аст, ки эътиқод бар ӯ дар Русия кам нест.
"Манижаро аллакай интихоб кардаанд ва дигар ҷои гап нест. Ӯ Роттердам меравад ва шояд пирӯз ҳам шавад. Танҳо барояш муваффақият мехоҳем", - мегӯяд ҳунаманди тоҷик ва меафзояд, ки ҳарчанд пештар "Евровидение"-ро пайгирӣ намекард, имсол барои дастгирии як зодаи Тоҷикистон ҳатман тамошо хоҳад кард.
"Евровидение-2021" дар Роттердами Ҳоланд 17-22 май баргузор хоҳад шуд.