Садамаҳо: бархурди "Опел"-у "Скутер" ва чаппашавии "Мерседес" ду кушта барҷой гузошт

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди ду садамаи мудҳиш хабар медиҳад, ки дар пайи он ду нафар ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, садама аввал рӯзи гузашта тахминан соати 12:10-дақиқа дар шаҳри Истиқлол сар задааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бозорбоев Бахтинур Баҳридиновичи 23-сола сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии 2,5 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Бозорбоев Б.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
Инчунин, 8-уми март, тахминан соати 18:50-дақиқа дар шаҳри Турсунзода садамаи маргбори дигар сар здааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Бегматзод Рӯзимуҳаммад Нурмаҳмад 22-сола сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дучархасавори тамғаи “Скутер”, Мусулмонов Бахтиёр Эргашевичи 49-сола, сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр бармехӯрад.
ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд
Дар натиҷа, Мусулмонов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД гуфтааст, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0