Дастрасии ройгони тоҷикон ва ӯзбекҳо ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ

CC0 / mohamed mahmoud hassan / Мужчина смотрит телевизор
Мужчина смотрит телевизор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Обуна шудан
Ширкати тавзеи намоишҳои хонагии "Филимо" имкони дастрасии ройгони форсизабононро ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ барои форсизабонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Равобити умумии ширкати "Филимо" эълом кард, ки ҳамзамон бо оғози баҳори соли 1400 ба муддати се моҳ шаҳрвандони форсизабон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд иштироки се моҳаи ройгони Филиморо ба даст оваранд ва аз тамошои маҳсулоти синемоӣ ва телевизиюнии Филимо баҳраманд шаванд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон. 
Тегеран столица Ирана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Мансабдор аз Эрон: тоҷикҳову эрониҳо як забон, як таърих ва як фарҳанг доранд
Ба иттилои манбаъ ин кинотеатри хонагии онлайн ҳадафи худ аз ин амалро барои рушди робитаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва ба ҳам наздик кардани миллатҳои форсизабон ва роҳ кушодан ба намоишҳои муштарак дар асоси имкониятҳои рассомони маҳаллӣ ва географҳои кишварҳои ҳамсоя эълон кард.
Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видео
Гуфта шудааст, ки алоқамандон метавонанд дар ин замина ба нишонии интерентӣ https://www.filimo.com муроҷиа кунанд.
Манбаъ махсусан қайд кардааст, ки тамошои филмҳои эронӣ дар сомона комилан ройгон аст.
Лентаи хабарҳо
0