Тоҷикистон мехоҳад ба Аморот мева ва об содир кунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДостижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области
Достижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Ҳайати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб содироти колои ватаниро, аз қабили мева ва об баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад ба Аморати Муттаҳидаи Араб меваи хушк ва об содир кунад. Ин ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду давлат дар рафати сафари ҳайати Тоҷикистон ба Аморот баррасӣ шуданд.
Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафари ҳайати Тоҷикистон дар АМА бо роҳбарии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Шавқат Бобозода 6 рӯз идома дошт.
Мақсади сафар  рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва омӯзиши таҷрибаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти басту банди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк гуфта мешавад.
Бобозода дар рафти сафар бо раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай Маҷид ал-Ғурайр мулоқот кардааст.
"Дар он имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти гардиши мол, бахусус ташкили корхонаҳои муштарак, содироту воридоти молу маҳсулоти гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар мулоқот имконоти содиротӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд", - менависад ВКХ Тоҷикистон.
Ал-Ғурайр гуфтааст , ки бо мақсади муайян кардани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишварҳои Осиёи Маркзӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Палата гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуда, ҳоло масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратии Ҷабал Алии шаҳри Дубай, ки дар ҳудуди он беш аз 8000 ширкат фаъолият карда, дорои чор бандари бузурги обӣ мебошад, боздид намуд.
Гузашта аз ин, форуми тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо доираи соҳибкорони Шориқа оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти басту банди меваи хушк ва содироти он (мева, асал, об ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ) ба Аморот барпо шуд.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин аз намоишгоҳи Палатаи савдо ва саноати Шориқа, ки ба таври доимӣ амал мекунад, боздид намуда, бо молу маҳсулоти истеҳсолии Шориқа шинос гардид.
Дар Тоҷикистон феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таҳия шуд
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои бузурги Дубай дар самти басту банди маҳсулот, аз қабили "Корис Пакинг", "Рото Пакинг", "Ҳасани Групп" ва "ДМСС" дидан намуда, бо роҳбарияти ширкатҳои мазкур доир ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0