https://sputnik.tj/20210309/dodgoh-shahrdori-kulob-1032969295.html
Ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро ба додгоҳ кашид
Ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро ба додгоҳ кашид
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад 09.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-09T14:03+0500
2021-03-09T14:03+0500
2021-08-10T14:44+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
шаҳрдорӣ
кӯлоб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_120cd3a2cbc5cf3851d056cb4c1158c5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Як ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро барои пардохт накардани 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бобати ҳазинаи насби чароғ дар хиёбонҳои ин шаҳр, ба додгоҳ кашондааст.Ду сол қабл ин ширкати туркӣ барои чароғон кардани хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб 300 чароғ ворид кард, ки ниме аз ин таҷҳизот насб шудаву маблағи ин қарордод пардохт нашудааст, менависад "Парс тудей".Аммо Пираҳмад Қурбонов, муовини раиси идораи молии шаҳрдории Кӯлоб гуфтааст, ки дар матни қарордод бо ин ширкати туркӣ мушаххас нест, ки чӣ наҳоде бояд маблағи чароғон кардани хиёбонҳоро пардохт кунад.Бо ин ҳол, Эрдуғон Фарҳат, мудири ширкати ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD дар номае ба дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки тарафи қарордоди ин ширкати туркӣ Идораи сохтмонсозии шаҳрдории Кӯлоб аст ва дар матни созишнома дар ин бора ишорае равшан вуҷуд дорад.Раҳмон гуфт, раиси Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар замин фурӯхтаастАз сӯи дигар, Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад.
https://sputnik.tj/20210221/rohi-Kulob-Muminobod-aznavsozi-1032865620.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_74f66f25b7d855d0bb5dbca0e069bcde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, шаҳрдорӣ, кӯлоб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, шаҳрдорӣ, кӯлоб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро ба додгоҳ кашид
14:03 09.03.2021 (Навсозишуда: 14:44 10.08.2021) Шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Як ширкати туркӣ шаҳрдории Кӯлобро барои пардохт накардани 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бобати ҳазинаи насби чароғ дар хиёбонҳои ин шаҳр, ба додгоҳ кашондааст.
Ду сол қабл ин ширкати туркӣ барои чароғон кардани хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб 300 чароғ ворид кард, ки ниме аз ин таҷҳизот насб шудаву маблағи ин қарордод пардохт нашудааст, менависад "Парс тудей".
Аммо Пираҳмад Қурбонов, муовини раиси идораи молии шаҳрдории Кӯлоб гуфтааст, ки дар матни қарордод бо ин ширкати туркӣ мушаххас нест, ки чӣ наҳоде бояд маблағи чароғон кардани хиёбонҳоро пардохт кунад.
Бо ин ҳол, Эрдуғон Фарҳат, мудири ширкати ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD дар номае ба дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки тарафи қарордоди ин ширкати туркӣ Идораи сохтмонсозии шаҳрдории Кӯлоб аст ва дар матни созишнома дар ин бора ишорае равшан вуҷуд дорад.
Аз сӯи дигар, Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркиро бипардозад.