Рушди саноати Тоҷикистон то соли 2021

Обуна шудан
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод зикр кард, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 30 миллиарду 820,8 миллион сомонӣ расид

Шералӣ Кабир, қайд кард, ки дар ин давра ба хориҷи кишвар ба маблағи 14 миллиарду 490,8 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шуд. 

Вай афзуд, корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

"Бо  мақсади зиёд кардани иқтидори содиротии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав ва амалӣ намудани Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридивазкунии  Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, дар маҷмӯъ, фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа 7,2 миллиард сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи кишвар 2,1 миллиард сомониро ташкил дод", - гуфт Шералӣ Кабир.

Вазири саноат таъкид дошт, ки барои воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 6 миллиарду 411 миллион сомонӣ маблағи дохилии корхонаҳо ва сармояи хориҷӣ равона гардид.

Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Шералӣ Кабир: истихроҷи ангишт дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расид

Вай илова кард, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 6500 кас соҳиби ҷойи кор шуд.

"Аз ҳисоби 142 корхонаи нав ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин муддат 110 корхона (дар ВМКБ 5, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 27, НТҶ 29 ва дар шаҳри Душанбе 32 корхона), умуман, фаъолият накардаанд, ки аз онҳо 21 корхона ба саноати истихроҷ ва 89 - тои дигар ба саноати коркард рост меояд”, - зикр кард Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0