Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкМузыкальный продюсер Иосиф Пригожин
Музыкальный продюсер Иосиф Пригожин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Продюсер ва коршинос Иосиф Пригожин гуфт, ки Манижа ҳамчун ҳунарманд фавқулода аст, аммо таронае, ки ба Евровидение пешниҳод кард ӯро ҷазб карда натавонист
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Продюсери Иосиф Пригожин имкониятҳои овозхони тоҷиктабор Манижа Сангинро дар озмуни Евровидения-2021 баҳогузорӣ кард.
Таджикская певица Манижа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад
Вай қайд кард, ки Манижа, ҳамчун фард, шахси шоиста аст, аммо худи суруд саволҳоро ба миён меорад.
Суруд бояд ҷаззоб бошад. Аз нуқтаи назари интихоб, сарояндаи мо, метавонист аз ин бадтар бошад, гуфт Пригожин дар муколама бо RT.
Продюсер илова кард, ки Манижа интихоби ғайричашмдошт барои Eurovision 2021 аст.
Аммо, Пригожин имкони овозхонро барои пирӯзӣ дар озмуни мусиқӣ кам арзёбӣ кард.
Ӯ ба таронаи пешниҳодшуда назар карда гуфтааст, ки ҳама чиз барои ман зебо, ҳатто ғайричашмдошт аст.
Инчунин Пригожин, дар муколама бо радиои "Говорит Москва" қайд кард, ки Манижа дар ин суруд якчанд тасвирҳоро ҷамъ овардааст ва ин, бешубҳа, нуқтаи асосии тарона мебошад.
"Вай бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад. Агар сухан дар бораи Русия меравад ... Далели он, ки як духтари зодаи Тоҷикистон фолклори русиро чунин месарояд, ин олӣ аст. Вай хеле хуб месарояд. Ӯ ҳунарманд аст, ба ӯ ҳамчун ҳунарманд суоле нест", - гуфт Пригожин.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал ғолиб ва роҳхат барои намояндагии Русия дар Евровидения-2021-ро ба даст овард.
Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон
Овозхон дар Евровидения-2021 бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар суруд ҳам русӣ ва ҳам англисӣ истифода мешавад.
Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0