Дар шаҳри Душанбе нархи партовбарорӣ 20 дарсад боло рафт

© © SputnikПарк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар пойтахти кишвар арзиши партовбарорӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Аз рӯзи 1–уми марти соли равон сокинони пойтахт барои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ бештар маблағ пардохт хоҳанд кард, иттилоъ додааст сомонаи Pressa.tj.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2019
Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон хабар додааст, ки ин тасмим бо дархости раисони ноҳияҳои Душанбе сурат гирифтааст.  
Гуфта шудааст, ки бо дархости раисони ноҳияҳои пойтахт тарифҳои ҷамъоварии партовҳо бознигарӣ шуд.
Таъкид шудааст, ки нархномаи навро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе ҳанӯз тарофаҳо пешина ҷойгир карда шудаанд.

Тариф барои 1 (як) истиқоматкунанда дар як моҳ;

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ:
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ – 3,10 сомонӣ;
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ – 2,50 сомонӣ;
  • барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 3,40 сомонӣ;
  • барои ҳавлиҳо – 3,60 сомонӣ;
  • барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 34,50 сомонӣ;
  • барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 54,00 сомонӣ. 
Барои сокинони ноҳияи Сино:
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ – 3,20 сомонӣ;
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ – 2,60 сомонӣ;
  • барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 3,60 сомонӣ;
  • барои ҳавлиҳо – 3,70 сомонӣ;
  • барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 39,20 сомонӣ;
  • барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 55,20 сомонӣ.
Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомонӣ:
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ  – 2,90 сомонӣ;
  • барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ  – 2,40 сомонӣ;
  • барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 3,30 сомонӣ;
  • барои ҳавлиҳо – 3,50 сомонӣ;
  • барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 35,65 сомонӣ;
  • барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 44,40 сомонӣ.
Лентаи хабарҳо
0