https://sputnik.tj/20210308/VKD-sadama-halokat-majruh--1032966228.html
ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд
ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи нақлиётии мадҳуш хабар дод. Дар натиҷаи ин се садамаи нақлиётӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаасту шаш... 08.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-08T15:00+0500
2021-03-08T15:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
нақлиёт
бистарӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103053/84/1030538499_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_0a96e46fda3efd26a4b3fd64c9f936d7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солиев Бороналӣ, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Норак-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бармехурад.“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид доштааст ВКД кишвар.Инчунин, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Гуфта шудааст, ки мусофирони дигар ин автомашина Ҷалилова Истанбону, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Ҳамзамон ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Ренҷ-Ровер Спорт”, Мирзоев Муҳсин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи Раҳимов Умедҷон, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу Дамас” Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи “Дэу Дамас” Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
https://sputnik.tj/20210208/sadama-vahdat-tursunzoda-1032778896.html
https://sputnik.tj/20201228/Sadama-dar-Anzob-moshin-chappa-shudu-yak-nafar-halok-gasht-1032541268.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103053/84/1030538499_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_b3c3321c1d5ae86b6a3e63c6face1079.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт, бистарӣ, даргузашт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт, бистарӣ, даргузашт
ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд
15:00 08.03.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи нақлиётии мадҳуш хабар дод. Дар натиҷаи ин се садамаи нақлиётӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаасту шаш нафари дигар осеб дида дар бемористон бистарӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солиев Бороналӣ, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Норак-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бармехурад.
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид доштааст ВКД кишвар.
Инчунин, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Гуфта шудааст, ки мусофирони дигар ин автомашина Ҷалилова Истанбону, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамзамон ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Ренҷ-Ровер Спорт”, Мирзоев Муҳсин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи Раҳимов Умедҷон, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу Дамас” Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи “Дэу Дамас” Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.