https://sputnik.tj/20210308/Qohir-Rasulzoda-sarvazir-Tajikistan-tajlili-zodruz-ruzi-modar-1032965544.html
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт 08.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-08T11:30+0500
2021-03-08T11:30+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
зодрӯз
сарвазир
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/53/1023895387_0:124:1600:1024_1920x0_80_0_0_aeadeded3ce7e67b72af5ed4c2fe6e55.jpg
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад. Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул астМеҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.
https://sputnik.tj/20210308/Zodrzi-Rasulzoda-Ramondsti-Modaron-1032959833.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/53/1023895387_36:0:1564:1146_1920x0_80_0_0_69c19e8eb9d13a3d8beede2ea5168fff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, қоҳир расулзода, зодрӯз, сарвазир, таҷлил
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, қоҳир расулзода, зодрӯз, сарвазир, таҷлил
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар
11:30 08.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.
Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.
Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.
Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.
Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад. Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул аст
Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.