https://sputnik.tj/20210308/Amriko-Gordi-millii-Tajikistan-choh-sokht-1032964187.html
Амрико барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт
Амрико барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Амрико дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ, ба Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт 08.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-08T09:00+0500
2021-03-08T09:00+0500
2021-04-19T16:58+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
об
горди миллӣ
обтаъминкунӣ
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/08/1032964141_0:594:2509:2013_1920x0_80_0_0_eb29643b0daff41033dc9de845a1bd54.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими супоридани чоҳи навсохта атташеи ҳарбии Амрико, подполковник Ҷошуа Мадлингер ва муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерал-майор Ализода Ҷонибек, иштирок доштанд.Сохтмони лоиҳаи “Чоҳ” дар чаҳорчубаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар, тибқи боби 10-и моддаи 284-и Вазорати мудофиаи Амрико, аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 110 ҳазор доллар мебошад. Ин иншоот чорабиниҳои Маркази таълимии Горди миллиро, ки барои гузаронидани машқҳои муҳим, баҳри бехатарии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, дастгирӣ мекунад.Таҳкими иқтидори Маркази таълимии Горди миллӣ имкониятҳои Марказро дар самти таъмин намудани омӯзиш барои хадамоти амнияти Тоҷикистон, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмонҳои ифротгарои зуровар, ба таври назаррас васеъ мекунад.“Амрико, чун ҳарвақта, садоқати худро баҳри шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии пойдории амният, соҳибихтиёрӣ ва нақши он дар суботи минтақавӣ, тасдиқ менамояд. Ин талошҳо нақши мусбиеро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, дастгирӣ менамоянд”, таъкид доштааст сафорати ИМА дар Тоҷикистон.Бояд гуфт, ки ИМА тули 29 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва дар ин муддат тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд.
https://sputnik.tj/20201219/Muriddin-bo-safiri-Amriko-dar-Toikiston-muloot-kard-1032484745.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/08/1032964141_0:470:2509:2047_1920x0_80_0_0_fe7f4775f8c32b6a3a6946d8fd1565a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, об, горди миллӣ, обтаъминкунӣ, амрико
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, об, горди миллӣ, обтаъминкунӣ, амрико
Амрико барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт
09:00 08.03.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) Сафорати Амрико дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ, ба Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими супоридани чоҳи навсохта атташеи ҳарбии Амрико, подполковник Ҷошуа Мадлингер ва муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерал-майор Ализода Ҷонибек, иштирок доштанд.
Сохтмони лоиҳаи “Чоҳ” дар чаҳорчубаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар, тибқи боби 10-и моддаи 284-и Вазорати мудофиаи Амрико, аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 110 ҳазор доллар мебошад. Ин иншоот чорабиниҳои Маркази таълимии Горди миллиро, ки барои гузаронидани машқҳои муҳим, баҳри бехатарии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, дастгирӣ мекунад.
Таҳкими иқтидори Маркази таълимии Горди миллӣ имкониятҳои Марказро дар самти таъмин намудани омӯзиш барои хадамоти амнияти Тоҷикистон, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмонҳои ифротгарои зуровар, ба таври назаррас васеъ мекунад.
“Амрико, чун ҳарвақта, садоқати худро баҳри шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии пойдории амният, соҳибихтиёрӣ ва нақши он дар суботи минтақавӣ, тасдиқ менамояд. Ин талошҳо нақши мусбиеро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, дастгирӣ менамоянд”, таъкид доштааст сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки ИМА тули 29 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва дар ин муддат тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд.