"Кӯдакро кушту гурехт": дар Душанбе зани "девона"-ро мекобанд - акс

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Обуна шудан
Гуфта мешавад зан, ки бемории рӯҳӣ доштааст ду рӯз боз нопадид гаштааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар Душанбе зани девонае ҷустуҷӯ мешавад, ки кӯдаки 7-соларо ба қатл расонидаву фирор кардааст, хабар медиҳанд шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ин эълони як корбари Фейсбук шоми дирӯз нашр шуд ва корбаронро ба таҳлука андохт.
Тавре муаллифи эълон, як фаъоли ҷомеа Зулӣ Раҳматова менависад, ҳодиса панҷуми март дар Душанбе рух додааст.
"Зане ҷустуҷӯ мешавад, ки кӯдакро кушид. Абдураҳмонова Муборак Азимовна, 53-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Кошевойи пойтахт.  Дирӯз, 5 март аз хонааш баромада, ғайб задааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, зан гирифтори бемории рӯҳӣ буда, хешованди кӯдаки кушташуда будааст.
Тавре корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ҳодиса вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. 
Зан бо роҳи фиреб ӯро ба манзилаш даъват карда, то мурдан лату кӯб кардааст.
Ба сари қарзаш рафту корд хӯрд: куштори Ҷоббиров дар Душанбе – видео
Феълан Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи шарҳи қазия посухе надодааст.
Ба Sputnik Тоҷикистон даст дод, ки бо яке аз наздикони писарак сӯҳбат кунад.
Шарҳи ҳодиса аз қавли аммаи писарак ба зудӣ нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0