https://sputnik.tj/20210307/Dana-Uayt-nabard-Sterling-Yanro-1032964008.html
Дана Уайт: "Мо набарди ҷавобии Стерлинг ва Янро ташкил хоҳем кард"
Дана Уайт: "Мо набарди ҷавобии Стерлинг ва Янро ташкил хоҳем кард"
Sputnik Тоҷикистон
Дана Уайт, президенти UFC гуфт, ки набарди ҷавобии размикори рус Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод 07.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-07T20:45+0500
2021-03-07T20:45+0500
2021-03-07T21:16+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963976_0:-1:957:541_1920x0_80_0_0_8bbb101f2bdcb8c014a66d05084a51b4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт эълом дошт, ки набарди қаҳрамони собиқи дар вазни сабук Петр Ян ва Алҷамейн Стерлингро баргузор хоҳад кард."Ин як муборизаи хуб буд, ҷойи таассуф аст, ки чунин шуд. Табиист, ки мо ҳарчи зудтар бозии ҷавобиро ташкил мекунем. Кай? Ҳоло номаълум аст. Мусобиқа нав ба охир расид. Ман намефаҳмам, ки чаро Ян ба ин зарба зад, зеро Стерлинг аллакай дар даври чорум дар ҳоли ногувор буд, - гуфт Уайт.Ёдовар мешавем, размикори UFC аз Русия Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод.Нуқтаи ниҳоӣ дар муқовимат зарбаи варзишкори Русия буд.Амрикои дар ҳолати номусоид наздик ба шикаст буд. Дар пеши размикори рус зарурати хотима додани набард ба миён омад.Қабл аз ин, ӯ аз мураббиёнаш дар бораи эҳтимоли зарбаи зону пурсид ва посухи мусбат гирифт.Ҳамин ки зарбаи сангини ҳалкунанда зада шуд - Стерлинг ба нокаут рафт ва довар фавран муборизаро қатъ кард.Доварон Пётер Янро аз ҳақ идомаи рақобат маҳрум карданд ва намояндаи ИМА ба таври автоматӣ қаҳрамон шуд.Барои паҳлавони Русия ин бохти дуввум дар карераи касбӣ бо 15 пирӯзист.Аммо, Стерлинг аз ин натиҷаи мубориза норозӣ буд, унвонро қабул накард ва камарбанди қаҳрамониро ба октагон партофт.Қаҳрамони UFC аз Русия барои истифодаи усули ғайриқонунӣ аз унвонаш маҳрум шуд: видеоПетр Ян унвони қаҳрамониро тобистони гузашта пас аз рақобат бо ҳарифи бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ ба даст оварда буд.
https://sputnik.tj/20210303/razmikori-tojik-raqibi-qirgizashro-az-poy-aftond-1032935245.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963976_0:-1:861:541_1920x0_80_0_0_3048c8d396f8fcafeab868676c183aa5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Дана Уайт: "Мо набарди ҷавобии Стерлинг ва Янро ташкил хоҳем кард"
20:45 07.03.2021 (Навсозишуда: 21:16 07.03.2021) Дана Уайт, президенти UFC гуфт, ки набарди ҷавобии размикори рус Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт эълом дошт, ки набарди қаҳрамони собиқи дар вазни сабук Петр Ян ва Алҷамейн Стерлингро баргузор хоҳад кард.
"Ин як муборизаи хуб буд, ҷойи таассуф аст, ки чунин шуд. Табиист, ки мо ҳарчи зудтар бозии ҷавобиро ташкил мекунем. Кай? Ҳоло номаълум аст. Мусобиқа нав ба охир расид. Ман намефаҳмам, ки чаро Ян ба ин зарба зад, зеро Стерлинг аллакай дар даври чорум дар ҳоли ногувор буд, - гуфт Уайт.
Ёдовар мешавем, размикори UFC аз Русия Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод.
Нуқтаи ниҳоӣ дар муқовимат зарбаи варзишкори Русия буд.
Амрикои дар ҳолати номусоид наздик ба шикаст буд. Дар пеши размикори рус зарурати хотима додани набард ба миён омад.
Қабл аз ин, ӯ аз мураббиёнаш дар бораи эҳтимоли зарбаи зону пурсид ва посухи мусбат гирифт.
Ҳамин ки зарбаи сангини ҳалкунанда зада шуд - Стерлинг ба нокаут рафт ва довар фавран муборизаро қатъ кард.
Доварон Пётер Янро аз ҳақ идомаи рақобат маҳрум карданд ва намояндаи ИМА ба таври автоматӣ қаҳрамон шуд.
Барои паҳлавони Русия ин бохти дуввум дар карераи касбӣ бо 15 пирӯзист.
Аммо, Стерлинг аз ин натиҷаи мубориза норозӣ буд, унвонро қабул накард ва камарбанди қаҳрамониро ба октагон партофт.
Петр Ян унвони қаҳрамониро тобистони гузашта пас аз рақобат бо ҳарифи бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ ба даст оварда буд.