https://sputnik.tj/20210306/qallobii-dorufurshi-Oson-farm-1032958725.html
Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст
Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф... 06.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-06T18:15+0500
2021-03-06T18:15+0500
2021-04-20T16:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
пулис
маблағ
қаллобӣ
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102397/41/1023974148_0:84:3072:1812_1920x0_80_0_0_4bb3aba769c0db173fa82a7a4aeb0b6c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст. Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст. Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафтМанбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210213/kallob-zamin-dollar-koraftoda-1032819133.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102397/41/1023974148_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_092897f42c3051179dd46a274f9f7d1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пулис, маблағ, қаллобӣ, вкд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пулис, маблағ, қаллобӣ, вкд
Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст
18:15 06.03.2021 (Навсозишуда: 16:39 20.04.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.
Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.
Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.
Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.