Ғолибияти духтарони ВМКБ ва "команда" - и Раҳимзода дар сабқати волейбол - аксҳо

© ВКДСабқати волейбол ба муносибати Рӯзи Модарон дар Душанбе
Сабқати волейбол ба муносибати Рӯзи Модарон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе сабқати волейбол миёни бонувони манотиқи гуногуни кишвар барои ба даст овардани "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Духтарони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сабқати касбӣ ва бонувони ВКД дар мусобиқаи ғайрикасбӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст оварданд.
Дар ин сабқат 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат карданд.
Дар мусобиқаи касбӣ - дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Аз миёни волейболбозон дар сабқати ғайрикасбӣ, ки байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи волейболбозони "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид. 
Онҳо рӯзи 5-уми март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Дар ин росто, рӯзи 6-уми марти соли 2021 вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовардашон ва иди бонувон – "Рӯзи Модар" табрику гуфт.
© ВКДВолейболбозони ВКД бо вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода
Волейболбозони ВКД бо вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Волейболбозони ВКД бо вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода
Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили "Рӯзи Модар", ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10-уми феврал то 5 марти соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
Лентаи хабарҳо
0