Фирдавс Шарифзода ба аёдати Бибифайзӣ Қодироваи 95-сола рафт

© дафтари матбуоти ҳукумати ХуҷандФирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Обуна шудан
Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд чанд бонуи собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр аёдат карда шудан
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат рафтанд, хабар медиҳад мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Мақомдорон аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-соларо аёдат карданд.
Ахмадзода посетил бедных семей в Исфаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Сари дастурхони камбизоат: Аҳмадзода ба аёдати ниёзмандон рафт
Ҳамчунин сиёсатмадорон собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола,  собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола,  собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола  ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуду, бо иди  модарон табрик намуданд.
Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд.
Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.
Ёдрас мешавем, ки раиси вилояти Хатлон аз номи кишвардори Тоҷикистон сокини Бохтарро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуду ба ӯ калиди хона тақдим кард.
Лентаи хабарҳо
0