Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарор ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистонро аз вазифа озод кард
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Бо қарори Ҳукумати тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Сабаби барканории ректори донишкада гуфта нашудааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо қарори дигари Ҳукумат, Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шудааст.
Зимнан имрӯз бо имзои як амр президент Комилиён Файзалӣ Саъдуллоро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" озод кард.
Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тағйироти кадрӣ амалӣ кард.
Аз барканории раҳбарияти Агентии стандартизатсия то таъини директори ТВ "Илм ва табиат"
Ҳамин тавр, Пирназарзода Диловар Маҳмадназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида ба ҷои ӯ Давлатзода Раҳмоншо таъин шуд.
Лентаи хабарҳо
0