https://sputnik.tj/20210305/Rasulzoda-sozishnomai-generaliro-imzo-kard-1032947716.html
Қоҳир Расулзода созишномаи генералиро имзо кард
Қоҳир Расулзода созишномаи генералиро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи генералӣ принсипҳои асосии муносиботи иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиати беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои... 05.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-05T13:18+0500
2021-03-05T13:18+0500
2021-04-19T16:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
қоҳир расулзода
"профсоюз" иттифоқи касаба
иттиҳодия
корфармо
имзо
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/59/1030105953_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_bd2510f05641181582b07cbeafa7925d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст.Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.Баъди имзо шудани Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020 байни вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, дигар ташкилоти соҳавӣ ва 17 кумитаи ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқи касаба 58 созишномаи соҳавӣ баста шуд. Дар маҷмӯъ, 114 созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз амалӣ шуда истодаанд.Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.
https://sputnik.tj/20191024/Rahmon-Ittifoki-kasaba-faroham-ovardani-sharoiti-zindagi-talosh-namoyad--1030094740.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/59/1030105953_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_6729050d0ce11417c382636e25f43fca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, қоҳир расулзода, "профсоюз" иттифоқи касаба, иттиҳодия, корфармо, имзо, созишнома
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, қоҳир расулзода, "профсоюз" иттифоқи касаба, иттиҳодия, корфармо, имзо, созишнома
Қоҳир Расулзода созишномаи генералиро имзо кард
13:18 05.03.2021 (Навсозишуда: 16:57 19.04.2021) Созишномаи генералӣ принсипҳои асосии муносиботи иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиати беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, дахл дорад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.
"Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад", - омадааст дар хабарнома.
Баъди имзо шудани Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020 байни вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, дигар ташкилоти соҳавӣ ва 17 кумитаи ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқи касаба 58 созишномаи соҳавӣ баста шуд. Дар маҷмӯъ, 114 созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз амалӣ шуда истодаанд.
Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.