Кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон: чанд сумӣ ва ба киҳо?

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги в кошельке, архивное фото
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд 12,57 миллион доллар ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7 сола ва кӯдакони маъюби то синни 18 доранд, инчунин ба хонаводаҳои камбизоат, ки кӯдакони аз 7 сола то синни 16 сола дошта, занҳо сарварии оиларо ба души худ гирифтаанд, расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2020
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт чигуна пандемияи ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонд
Бо ин мақсад ва барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород Бонки ҷаҳонӣ 12,57 миллион доллар ҷудо кардааст.
Дар маҷмуъ, барои анҷом додани чорабиниҳои аввалиндараҷа барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 - 11 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ду созишномаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 21,2 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд.
Аз ин ҳисоб 8,63 миллион доллар барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 ва 12,57 миллион доллар барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд  равона карда шудааст.
Сипосгузории Ҷамолиддин Абдуллозода аз Бонки ҷаҳонӣ
Дар доираи ин маблағгузорӣ амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд: дар марҳилаи аввал тавассути механизми COVAX ба Тоҷикистон харид ва таҳвили вояи ваксинаи зидди бемории COVID-19 анҷом дода мешавад ва ба эмгузаронӣ (ваксинатсия) дар мадди аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, ки хавфи баланди саломатӣ доранд, инчунин пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд азият  мекашанд, фаро гирифта  хоҳанд шуд.
Инчунин, ба 15 беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихобгардида харид ва таҳвили таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дигар маводҳои хароҷотии он дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0