https://sputnik.tj/20210304/qadrdonii-pokkoroni-Dushanbe-Rustami-Emomali-1032944512.html
Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод
Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҷудо кардани маблағ ба поккорон ба муносибти Рӯзи Модарон қарор баровард 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T19:45+0500
2021-03-04T19:45+0500
2021-04-12T14:25+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
рустами эмомалӣ
маблағ
рӯзи модар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154398_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_a987cbec0fb048a12e14e0f0ca4191a8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи ин қарор аллакай 1169 занону бонувон кумакпулии яквақтаинаи худро дарёфт карданд.Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, маблағи умумии ҷудошуда ба занони тамизкор 3 миллиону 633 ҳазору 450 сомонӣ мебошад.Ҳаиминтавр, тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ, дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар ин ҷамъомад муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода ширкат карда, масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуд.Соли гузашта Рустами Эмомалӣ амр дод, ки барои тӯҳфаҳо ба занон ба ифтихори Рӯзи модарон ва Наврӯз 3,19 миллион сомонӣ (329 ҳазор доллар) ҷудо карда шавад.Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021Шаҳрдори пойтахт занони тоҷикро табрик гуфта, модаронро ба "офтоб" муқоиса кард, ки ба ҷаҳон файзу шодмонӣ мебахшад ва меҳру шафқати модаронро манбаи зиндагӣ хонд.
https://sputnik.tj/20180301/arzon-kardani-narhi-parwozho-1024893788.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154398_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_9826e83ab7447d3896dae2b6f2cd74ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, рустами эмомалӣ, маблағ, рӯзи модар
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, рустами эмомалӣ, маблағ, рӯзи модар
Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод
19:45 04.03.2021 (Навсозишуда: 14:25 12.04.2021) Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҷудо кардани маблағ ба поккорон ба муносибти Рӯзи Модарон қарор баровард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи ин қарор аллакай 1169 занону бонувон кумакпулии яквақтаинаи худро дарёфт карданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, маблағи умумии ҷудошуда ба занони тамизкор 3 миллиону 633 ҳазору 450 сомонӣ мебошад.
Ҳаиминтавр,
тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ, дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода ширкат карда, масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуд.
"Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим карданд", - омадааст дар хабарнома.
Соли гузашта Рустами Эмомалӣ амр дод, ки барои тӯҳфаҳо ба занон ба ифтихори Рӯзи модарон ва Наврӯз 3,19 миллион сомонӣ (329 ҳазор доллар) ҷудо карда шавад.
Шаҳрдори пойтахт занони тоҷикро табрик гуфта, модаронро ба "офтоб" муқоиса кард, ки ба ҷаҳон файзу шодмонӣ мебахшад ва меҳру шафқати модаронро манбаи зиндагӣ хонд.