https://sputnik.tj/20210304/jahish-narkh-benzin-Tojikiston-1032941337.html
Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T16:43+0500
2021-03-04T16:43+0500
2021-03-04T17:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032941286_0:-1:981:554_1920x0_80_0_0_f9aae550003822370631077de3d95c6c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нарх ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст."Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбадРаҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шудДар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20210304/Benzin-Qirgiziston-marz-Tajikistan-nerui-nizomi-ezom--1032936972.html
https://sputnik.tj/20210208/Tajikistan-benzin-vorid--1032777991.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032941286_37:-1:919:554_1920x0_80_0_0_efe627b8dd25c4b4b29486c0688f336e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон
16:43 04.03.2021 (Навсозишуда: 17:57 04.03.2021) Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.
Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нарх ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.
Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.
Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.
Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.
"Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".
Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.
Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.
Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.
Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.