Размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби русашро мағлуб кард - видео

Обуна шудан
Муқовимати Артем Кургулини рус ва размикори тоҷик Аҳмад Боқараев бо пирӯзии боэътимод ва зебо ба анҷом расид
Охири ҳафтаи гузашта мусобиқаи муҳорибаҳои омехта: "Колизей: Батли чемпионҳо 19" баргузор шуд.
Дар октагон паҳлавонон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон вохӯрданд.
Мухибшо Гулобов (Таджикистан) vs. Нуриддин Хазраткулов (Узбекистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Размикори тоҷик варзишгари ӯзбекро мисли кудак латукуб кард – видео
Задухӯрд байни ҷанговари рус Артем Кургулин ва варзишгари Тоҷикистон Аҳмад Бойқараев шадид ҷараён гирифт.
Паҳлавонони ҷавон аз дақиқаҳои аввал кӯшиш накарданд, ки ба задухӯрдҳои бераҳмона дохил шаванд, балки дар дақиқаҳои баъдӣ "ҳамдигарро санҷиданд".
Пас аз зарбаҳои мутақобила, Кургулин қарор кард, ки тоҷикро санҷида, ба муборизаи наздик мегузарад.
Қапид ва буғӣ кард: размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби қирғизашро аз пой афтонд - видео
Аммо паҳлавони Русия ноком шуд: Бойқараев гарданашро сахт гирифту, рақибро печутоб дод ва боздошт. Пас аз чанд сония варзишкори рус аз пой афтид.
Пас аз пирӯзӣ, мухлисони варзишкори тоҷик ба майдон баромаданд ва ғолибро табрик карданд.
Лентаи хабарҳо
0