https://sputnik.tj/20210304/Google-Tojikiston-andozsuporanda-1032938753.html
Google ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд
Google ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи сомонаи иҷтимоии Facebook, ширкати Google низ дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T13:25+0500
2021-03-04T13:25+0500
2021-04-20T17:07+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
андоз
кумитаи андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/90/1030279054_0:442:2401:1800_1920x0_80_0_0_d0c409a7e06a0c845ee879c36f432ff8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад, ки 3 март, ширкати бузурги онлайнии Google дар ин ниҳод ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд.Ин ниҳод мегӯяд, қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд.Кумита шарҳ дода, ки амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд.Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд.Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад."Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорадБа гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.
https://sputnik.tj/20210303/Kumita-andoz-Facebook-sabt-nom-1032930243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/90/1030279054_0:292:2401:1800_1920x0_80_0_0_c831c40f5dd998dac55b4a94b03101d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, кумитаи андоз
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, кумитаи андоз
Google ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд
13:25 04.03.2021 (Навсозишуда: 17:07 20.04.2021) Ба дунболи сомонаи иҷтимоии Facebook, ширкати Google низ дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Кумитаи
андоз иттилоъ медиҳад, ки 3 март, ширкати бузурги онлайнии Google дар ин ниҳод ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд.
Кумита шарҳ дода, ки амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд.
Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.
Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.
Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд.
Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.