https://sputnik.tj/20210303/vokunish-zhirinovskiy-viloyat-dushanbe-Rusiya-1032932218.html
Тарафдору зид: вокунишҳо ба пешниҳоди Жириновский оид ба вилоят шудани Душанбе дар Русия
Тарафдору зид: вокунишҳо ба пешниҳоди Жириновский оид ба вилоят шудани Душанбе дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди ахири роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи пайваст намудани Тоҷикистон ба ҳайси як вилоят ба ҳайати Русия миёни... 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T15:40+0500
2021-03-03T15:40+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
ҳизби либерал демократии русия
владимир жириновский
пайвастан
фейсбук
вокуниш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270950_0:0:2533:1426_1920x0_80_0_0_4d973844ee02394d5fc33e210c55ed44.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аксари корбарони Фейсбук ба ин пешниҳоди сиёсатмадори рус вокуниши шадид нишон дода, суханони роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русияро ғайривоқеъӣ хонданд.Миёни корбарони Фейсбук нафароне ҳастанд, ки пешниҳоди Жириновскийро қабул доранд. Барои мисол корбари фейсбук, Ёсин Ёсин навиштааст, ки бисёр хуб мешавад. "Бе ин ҳам ҳар як тоҷик гирифтани шаҳрвандии Русияро орзу мекунад", - шарҳ додааст ӯ.Зинагули Ширин навиштааст, "вақте шумораи зиёди тоҷикистониён мехоҳанд шаҳрванди Русияро ба даст биёранд ва солҳои зиёд дар онҷо кору фаъолият мекунанд, албатта ин ҳолат рух медиҳад". Ӯ мегӯяд, аз чунин пешниҳоди Жириновский набояд дар тааҷҷуб афтид.Муамар Раҳимов зикр кардааст, ки ҷои хафа шудан нест, шояд ӯ рост мегӯяд. Ба таъкиди ӯ, "80 фоизи мардум интизори он ҳастанд, ки роҳ кушода шаваду мардум ба Русия раванд".Исҳоқи Нурмаҳмад кӯтоҳ навиштааст: "Ман фикр мекунам ӯ дуруст мегӯяд".Аммо аксари корбарон ба пешнищоди оцои жириновский вокуниши шадид нишон доданд. Барои мисол Абдулло Давлатов пизишки саршиноси тоҷики муқими Маскав дар саҳифаи худ дар шарҳи ин нуқтаи назари Жириновский андешаи Гегелро овардааст: "Таърих ду бор такрор мешавад: бори аввал фоҷеавор, бори дуввум ҳамчун мазҳака"Ӯ ҳамзамон аз як навиштаи олими тоҷик бе зикри номаш ёдовар шудааст: "Мӯҳтарам ҷаноби Горбачёв! Ман боварӣ дорам, ки Шумо дар якҷоягӣ бо Елтсин ИҶШС-ро пароканда мекунед ва чунон хоҳед кард, ки баъди чанд сол собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба зонӯ зада, зери қанати Русия баргаштанро орзӯ мекунанд". Корбари дигари Фейсбук Абдуразоқ Абдуваҳобов навиштааст, ки роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия сиёсатмадори ботаҷриба аст ва гоҳу ногоҳ ҳаргуна сафсата мегӯяд ва дар Русия ба суханони ӯ мардум одат кардаанд.Абдуваҳобов ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаҳои Жириновский аҳамият надиҳанд. Ӯ гуфт "саг меҷакаду корвон меравад!"Облоқул Мирзоев шарҳ додааст, ки Русия ҳоло Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам кишвари сотсиалистӣ нест. Ӯ мегӯяд, "бояд шукронаи давлату давлатдории худ кунем".Дар ҳамин ҳол, миёни корбарони Фейсбук назарҳои мазҳакавӣ ҳам кам набуданд.Барои мисол, Одилшо Урозов, нимшӯхиву нимҷиддӣ навиштааст, ки "агар 6 моҳи дигар Русия роҳро боз накунад, 80 фисади тоҷикон ин пешниҳодро тарафдорӣ мекунанд, зеро Ватани дуюми тоҷикон ин Русия мебошад.Хайрулло Насриддинов навиштааст, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва ба Жириновский муроҷиат кардааст, ки рақамҳои телефонашро монад, "агар пешниҳодаш ба мардум маъқул шуд, зангаш мезананд".Зимнан корбари дигар Эмомалӣ Азимов низ танзомез ҳам суолгузорӣ карда, ва худ ба он посух додаас. "Пойтахти Русия чӣ ном дорад?, Маскавобод!".Сураё Курбонова бар ин бовар аст, ки ин ҳама ба омадани баҳор рабт дорад. Дар омад - омади баҳор нафарони мариз ҳамин хел мешаванд.Ёдовар мешавем, роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский аснои суҳбат бо радиои "Говорит Москва" таъкид ба шомил кардани 14 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳайати Русия намуд.Жириновский аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун вилояти Душанбе ба ҳудуди Русия шомил шавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270950_0:0:2509:1882_1920x0_80_0_0_ab9c0b70d305de68c82ed55ce8a0f5b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ҳизби либерал демократии русия, владимир жириновский, пайвастан, фейсбук, вокуниш, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ҳизби либерал демократии русия, владимир жириновский, пайвастан, фейсбук, вокуниш, дар русия
Тарафдору зид: вокунишҳо ба пешниҳоди Жириновский оид ба вилоят шудани Душанбе дар Русия
15:40 03.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Пешниҳоди ахири роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи пайваст намудани Тоҷикистон ба ҳайси як вилоят ба ҳайати Русия миёни корбарони Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аксари корбарони Фейсбук ба ин пешниҳоди сиёсатмадори рус вокуниши шадид нишон дода, суханони роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русияро ғайривоқеъӣ хонданд.
Миёни корбарони Фейсбук нафароне ҳастанд, ки пешниҳоди Жириновскийро қабул доранд. Барои мисол корбари фейсбук, Ёсин Ёсин навиштааст, ки бисёр хуб мешавад. "Бе ин ҳам ҳар як тоҷик гирифтани шаҳрвандии Русияро орзу мекунад", - шарҳ додааст ӯ.
Зинагули Ширин навиштааст, "вақте шумораи зиёди тоҷикистониён мехоҳанд шаҳрванди Русияро ба даст биёранд ва солҳои зиёд дар онҷо кору фаъолият мекунанд, албатта ин ҳолат рух медиҳад". Ӯ мегӯяд, аз чунин пешниҳоди Жириновский набояд дар тааҷҷуб афтид.
Муамар Раҳимов зикр кардааст, ки ҷои хафа шудан нест, шояд ӯ рост мегӯяд. Ба таъкиди ӯ, "80 фоизи мардум интизори он ҳастанд, ки роҳ кушода шаваду мардум ба Русия раванд".
Исҳоқи Нурмаҳмад кӯтоҳ навиштааст: "Ман фикр мекунам ӯ дуруст мегӯяд".
Аммо аксари корбарон ба пешнищоди оцои жириновский вокуниши шадид нишон доданд. Барои мисол Абдулло Давлатов пизишки саршиноси тоҷики муқими Маскав дар саҳифаи худ дар шарҳи ин нуқтаи назари Жириновский андешаи Гегелро овардааст: "Таърих ду бор такрор мешавад: бори аввал фоҷеавор, бори дуввум ҳамчун мазҳака"
Ӯ ҳамзамон аз як навиштаи олими тоҷик бе зикри номаш ёдовар шудааст: "Мӯҳтарам ҷаноби Горбачёв! Ман боварӣ дорам, ки Шумо дар якҷоягӣ бо Елтсин ИҶШС-ро пароканда мекунед ва чунон хоҳед кард, ки баъди чанд сол собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба зонӯ зада, зери қанати Русия баргаштанро орзӯ мекунанд".
Корбари дигари Фейсбук Абдуразоқ Абдуваҳобов навиштааст, ки роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия сиёсатмадори ботаҷриба аст ва гоҳу ногоҳ ҳаргуна сафсата мегӯяд ва дар Русия ба суханони ӯ мардум одат кардаанд.
Абдуваҳобов ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаҳои Жириновский аҳамият надиҳанд. Ӯ гуфт "саг меҷакаду корвон меравад!"
Облоқул Мирзоев шарҳ додааст, ки Русия ҳоло Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам кишвари сотсиалистӣ нест. Ӯ мегӯяд, "бояд шукронаи давлату давлатдории худ кунем".
Дар ҳамин ҳол, миёни корбарони Фейсбук назарҳои мазҳакавӣ ҳам кам набуданд.
Барои мисол, Одилшо Урозов, нимшӯхиву нимҷиддӣ навиштааст, ки "агар 6 моҳи дигар Русия роҳро боз накунад, 80 фисади тоҷикон ин пешниҳодро тарафдорӣ мекунанд, зеро Ватани дуюми тоҷикон ин Русия мебошад.
Хайрулло Насриддинов навиштааст, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва ба Жириновский муроҷиат кардааст, ки рақамҳои телефонашро монад, "агар пешниҳодаш ба мардум маъқул шуд, зангаш мезананд".
Зимнан корбари дигар Эмомалӣ Азимов низ танзомез ҳам суолгузорӣ карда, ва худ ба он посух додаас. "Пойтахти Русия чӣ ном дорад?, Маскавобод!".
Сураё Курбонова бар ин бовар аст, ки ин ҳама ба омадани баҳор рабт дорад. Дар омад - омади баҳор нафарони мариз ҳамин хел мешаванд.
Ёдовар мешавем, роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский аснои суҳбат бо радиои "Говорит Москва" таъкид ба шомил кардани 14 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳайати Русия намуд.
Жириновский аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун вилояти Душанбе ба ҳудуди Русия шомил шавад.