https://sputnik.tj/20210303/najot-kudak-az-balandi-1032930960.html
Ронанда кӯдаки аз ошёнаи 12 -ум сарозершударо наҷот дод — видео
Ронанда кӯдаки аз ошёнаи 12 -ум сарозершударо наҷот дод — видео
Sputnik Тоҷикистон
Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T13:00+0500
2021-03-03T13:00+0500
2021-03-03T12:46+0500
видео
ветнам
наҷот
наҷотдиҳӣ
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/03/1032931064_0:52:1000:618_1920x0_80_0_0_0bc428890c3bf1ad4793dd40913f4ffb.jpg
Дар пойтахти Ветнам - Ханое ронандаи 31-сола духтаракро, ки аз ошёнаи 12 - ум сарозер шуд, наҷот дод. Ҷавони қаҳрамон Нгуен Нгок Манх ном дорад. Ӯ дар дохили мошин буд вақте, гиряи кӯдак ва овози баланди занона ба гӯшаш расид. Аз дохили худрав берун баромада ронанда дид, ки кӯдак дар беруни балкон дар баландии тақрибан 50 метр қарор дорад. Мард болотар баромад, то дар сурати афтодан, кӯдакро наҷот диҳад.Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад. Ронанда ба болои бом чунин сахт зад, ки паи танаш онро маҷак кард. Бино ба гуфти пизишкон дасту пои духтарак шикастаанд. Духтурон вазъи духтаракро муътадил арзёбӣ карданд. Ронанда низ ҷароҳат бардошт.Корбарони интернет ронандаро қаҳрамон унвон карданд. Сарвазири кишвар барои чунин корнамоӣ ба ронанда изҳори сипос карда, пешниҳод кард, ки ӯро қадрдонӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20210214/halokati-muhojir-tojik-Maskav-sarozer--1032822875.html
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/03/1032931064_0:21:1000:649_1920x0_80_0_0_6e06e1bd42006d110e603dcac4ba1ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, ветнам, наҷот, наҷотдиҳӣ, кӯдак
видео, ветнам, наҷот, наҷотдиҳӣ, кӯдак
Ронанда кӯдаки аз ошёнаи 12 -ум сарозершударо наҷот дод — видео
Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад
Дар пойтахти Ветнам - Ханое ронандаи 31-сола духтаракро, ки аз ошёнаи 12 - ум сарозер шуд, наҷот дод.
Ҷавони қаҳрамон Нгуен Нгок Манх ном дорад. Ӯ дар дохили мошин буд вақте, гиряи кӯдак ва овози баланди занона ба гӯшаш расид. Аз дохили худрав берун баромада ронанда дид, ки кӯдак дар беруни балкон дар баландии тақрибан 50 метр қарор дорад. Мард болотар баромад, то дар сурати афтодан, кӯдакро наҷот диҳад.
Замони сарозер шудани кӯдак, Нгуен худро гум кард, вале дере нагузашта дастонашро пеш гузошт, то духтаракро наҷот диҳад.
Ронанда ба болои бом чунин сахт зад, ки паи танаш онро маҷак кард.
"Хушбахтона кӯдак ба домани ман афтид. Ман даррав ӯро оғӯш кашидам, баъд дидам, ки аз даҳонаш хун ҷорӣ шуд, ман хеле тарсидам", - нақл мекунад Нгуен.
Бино ба гуфти пизишкон дасту пои духтарак шикастаанд. Духтурон вазъи духтаракро муътадил арзёбӣ карданд. Ронанда низ ҷароҳат бардошт.
Корбарони интернет ронандаро қаҳрамон унвон карданд. Сарвазири кишвар барои чунин корнамоӣ ба ронанда изҳори сипос карда, пешниҳод кард, ки ӯро қадрдонӣ кунанд.