https://sputnik.tj/20210303/hinduston-110-solagii-Mirzo-Tursunzoda-namoishgoh-1032933775.html
Ҳиндустон ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
Ҳиндустон ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳиндустон дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T17:40+0500
2021-03-03T17:40+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
ҳиндустон
намоишгоҳ
мирзо турсунзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/56/1023245656_0:267:3000:1963_1920x0_80_0_0_359fd33137c88120014c86b4253980bf.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Осорхонаи миллии Деҳлӣ ният дорад, ки бахшида ба таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир намояд.Ин масъаларо директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ кардаанд.Бино ба гузориши Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев, ҳайати корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони ҳиндӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуда, таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик боз ҳам бештар муаррифӣ карда шудааст.Манбаъ афзуда, ки ҳамин тавр, онҳо бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш шинос гардидаанд.
https://sputnik.tj/20210203/tojikiston-hinduston-meva-hamkori-tijorat-1032754260.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/56/1023245656_0:116:3000:2002_1920x0_80_0_0_bc1e8086cfa714889ef9b7319cfa3ccc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ҳиндустон, намоишгоҳ, мирзо турсунзода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ҳиндустон, намоишгоҳ, мирзо турсунзода
Ҳиндустон ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
17:40 03.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳиндустон дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоишгоҳ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Осорхонаи миллии Деҳлӣ ният дорад, ки бахшида ба таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир намояд.
Ин масъаларо директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ кардаанд.
Бино ба гузориши Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев, ҳайати корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони ҳиндӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуда, таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик боз ҳам бештар муаррифӣ карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки ҳамин тавр, онҳо бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш шинос гардидаанд.