Умеди Ӯзбекистон барои роҳандозии парвозҳои мунтазам ба Русия дар моҳҳои март-апрел

© Узбекистон хаво йуллариAirbus поставил первый A320neo для "Узбекистон хаво йуллари"
Airbus поставил первый A320neo для Узбекистон хаво йуллари - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Обуна шудан
Муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев гуфт, кай иртиботи ҳавоӣ бо Русия барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ҳоло парвозҳои чартерӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия идома мекунанд, гуфт муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт
Муовини вазир гуфт, ки бо пешниҳоди барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ ба Русия муроҷиатнома фиристода шудааст.
"Мо таҷрибаи Русия ва меъёрҳоеро омӯхтем, ки мақомоти он кишвар риоя кардани онро талаб мекунанд",- менависад Sputnik Ӯзбекистон аз қавли Чориев.
Аз ҷумла, афзоиши ҳолатҳо, шумораи беморон ба ҳазор, 100 ҳазор ва ба 1 миллион аҳолӣ, динамикаи сироят ва омилҳои дигар ба назар гирифта шудааст, мегӯяд коршинос.
"Аз рӯи ҳама меъёрҳо, Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам мувофиқ аст. Мо барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ҳама асосҳоро дорем. Мунтазири посух ҳастем. Фикр мекунам, ки дар моҳҳои март-апрел натиҷаи мусбат ба даст хоҳад омад", - хулоса кард Чориев.
Ёдовар мешавем ҷониби Тоҷикистон низ шурӯъ аз охири тобистони гузашта ба ҷониби Русия дархости барқарорсозии иртибототи ҳавоиро карда буд, аммо то кунун ҷавоби мушаххасе ҳосил нашудааст.
Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст
Қаблан Субҳон Икромзода, раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ин самт бо ҷониби Русия кор бурда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0