Фозилова нахустин тоҷикдухтарест, ки ба тими Гурҷистон пайваст

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Обуна шудан
Мадина Фозилова мегӯяд, ҳоло гузариши ӯ ба тими Гурҷистон дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ӯ ба қасди он давлат Тоҷикистонро тарк мекунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мадина Фозилова собиқ ҳамлавари бошгоҳи "Зебонисо" ва ҳоло сарвони тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон, эҳтимол аст, ки фаъолияти футболбозии хешро дар Қаҳрамонии Гурҷистон идома диҳад, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло гузариши Мадина ба тими Гурҷистон дар ҳоли анҷомёбист.
"Ҳоло гуфтушунид байни футболбоззани тоҷик ва роҳбарияти дастаи "WFC Nike" идома дорад, - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, охири ҳафтаи равон гузариши Мадина ба дастаи мазкур сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки Мадина Фозилова нахустин бонуест, ки дар таърихи футболи тоҷик ба як тими аврупоӣ мепайвандад.
Духтарони тоҷику узбак футбол мебозанд: дидори Р.Эмомалӣ ва У. Аҳмадҷонов
Зикр мегардад, дастаи нави Мадина Фозилова дар Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо байни бонувон ҳунарнамоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0