https://sputnik.tj/20210302/sjb-koronavirus-jahon-1032920725.html
Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт
Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда СҶБ зиёда аз 2,6 миллион ҳолати сироятшавӣ ба коронаиврус дар ҷаҳон сабт намудааст 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T10:35+0500
2021-03-02T10:35+0500
2021-03-02T12:44+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
сҷб
маризӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032432676_0:42:3072:1780_1920x0_80_0_0_0a6328d8084b46dfcdfd24cbdd2d21a0.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавии одамон ба маризии коронавирус хабар медиҳад. Роҳбари ин созмон Тедрос Гебрейесус зимни брифинги ахир гуфт, давоми муддати тӯлонӣ боз сироятшавӣ ба вирус авҷ гирифта истодааст.Роҳбари СҶБ иллати афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавиро ба сабук шудани маҳдудиятҳҳо ва фориғболии мардум рабт медиҳад.Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда созмони мазкур зиёда аз 2,6 миллион ҳолати ҷадиди дардманд шудани одамонро ба қайд гирифт.Сироятшавӣ аз ҳама беш дар Амрико (28,6) сабт шудааст. Дар Ҳиндустон 11,1 миллион, Бразилия 10,5 миллион сабт гардидааст.Русия аз миёни кишварҳое, ки сироятшавӣ аз коронавирус афзоиш меёбад, дар мақоми чорум ҷой дорад. Дар муддати зикгардида дар ин Русия 4,2 миллион маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон ҳоло беш аз 114 миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, ҳамчунин аз ин дард 2,53 миллион нафар фавтиданд.
https://sputnik.tj/20210301/sjb-COVID-masuniyat-1032908950.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032432676_0:0:3072:1930_1920x0_80_0_0_89e954befd8f77f91b07d32f1dbd4b1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, сҷб, маризӣ
тандурустӣ, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, сҷб, маризӣ
Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт
10:35 02.03.2021 (Навсозишуда: 12:44 02.03.2021) Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда СҶБ зиёда аз 2,6 миллион ҳолати сироятшавӣ ба коронаиврус дар ҷаҳон сабт намудааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавии одамон ба маризии коронавирус хабар медиҳад. Роҳбари ин созмон Тедрос Гебрейесус зимни брифинги ахир гуфт, давоми муддати тӯлонӣ боз сироятшавӣ ба вирус авҷ гирифта истодааст.
"Бори нахуст давоми 7 ҳафтаи ахир мо шоҳиди афзоиш ёфтани мавориди сироятшавӣ ба коронавирус гардидем. Аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Баҳри Миёназамин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст", - тавзеҳ медиҳад Гебрейесус.
Роҳбари СҶБ иллати афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавиро ба сабук шудани маҳдудиятҳҳо ва фориғболии мардум рабт медиҳад.
Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда созмони мазкур зиёда аз 2,6 миллион ҳолати ҷадиди дардманд шудани одамонро ба қайд гирифт.
Сироятшавӣ аз ҳама беш дар Амрико (28,6) сабт шудааст. Дар Ҳиндустон 11,1 миллион, Бразилия 10,5 миллион сабт гардидааст.
Русия аз миёни кишварҳое, ки сироятшавӣ аз коронавирус афзоиш меёбад, дар мақоми чорум ҷой дорад. Дар муддати зикгардида дар ин Русия 4,2 миллион маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон ҳоло беш аз 114 миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, ҳамчунин аз ин дард 2,53 миллион нафар фавтиданд.