https://sputnik.tj/20210302/jarima-padar-dukhtar-tahsil-1032926204.html
Ҷаримаи падаре, ки нагузошт духтараш таҳсил кунад: гуфтааст, шароит надорад
Ҷаримаи падаре, ки нагузошт духтараш таҳсил кунад: гуфтааст, шароит надорад
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми падареро, ки барои таҳсили духтараш монеа эҷод мекард, содир кардааст 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T17:05+0500
2021-03-02T17:05+0500
2021-08-10T14:44+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
маориф
парванда
падар
ҷарима
фарзанд
таҳсил
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, парвандаи ҷиноятии Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муаян кард, ки номбурда бар хилофи талаботи моддаҳои 41 ва 46-и қонунгузорӣ "дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал намудаааст.Ба иттилои манбаъ, номбурда барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовнаи 16-сола, ки то синфи 8-ум дар мактаби №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, монеъ шудааст.Манбаъ мегӯяд, Раҷабов далели ин корашро паст будани шароити зиндагиаш унвон кардааст.Гуфта мешавад, Раҷабов Абдукарим аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки духтараш таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.Шароит надоранд, ё қонунро намедонанд? 30 парванда алайҳи волидон дар СуғдДодгоҳ барои чунин амалкард Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифовичро дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 164-и қонунгузорӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 сомонӣ ҷарима бастааст.Ёдовар мешавем, соли гузашта дар шимоли кишвар низ барои чунин ҳолатҳо даҳҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба волидайни ноболиғон кушода шуда буд.
https://sputnik.tj/20200606/Parvandai-volidon-az-nadonistani-konun-daleli-kambizot-1031373041.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маориф, парванда, падар, ҷарима, фарзанд, таҳсил, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маориф, парванда, падар, ҷарима, фарзанд, таҳсил, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҷаримаи падаре, ки нагузошт духтараш таҳсил кунад: гуфтааст, шароит надорад
17:05 02.03.2021 (Навсозишуда: 14:44 10.08.2021) Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми падареро, ки барои таҳсили духтараш монеа эҷод мекард, содир кардааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, парвандаи ҷиноятии Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муаян кард, ки номбурда бар хилофи талаботи моддаҳои 41 ва 46-и қонунгузорӣ "дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал намудаааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовнаи 16-сола, ки то синфи 8-ум дар мактаби №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, монеъ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Раҷабов далели ин корашро паст будани шароити зиндагиаш унвон кардааст.
Гуфта мешавад, Раҷабов Абдукарим аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки духтараш таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.
Додгоҳ барои чунин амалкард Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифовичро дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 164-и қонунгузорӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар шимоли кишвар низ барои чунин ҳолатҳо даҳҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба волидайни ноболиғон кушода шуда буд.