https://sputnik.tj/20210302/Tasisi-joyi-navi-kori-muhojirat-mehnati-kam-nameshavad-1032922462.html
Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?
Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав... 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T13:15+0500
2021-03-02T13:15+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кор
вазир
таъсис
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъкид доштааст, ки дар муддати татбиқи "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020" давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст - моҳонаи кам.Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.
https://sputnik.tj/20210131/Sozmoni-baynalmilali-muhojirat-stress-1032730020.html
https://sputnik.tj/20210126/Rahmon-muhojirati-khotima-1032692592.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, кор, вазир, таъсис, муҳоҷират
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, кор, вазир, таъсис, муҳоҷират
Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?
13:15 02.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав таъсис ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъкид доштааст, ки дар муддати татбиқи "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020" давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.
“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст - моҳонаи кам.
Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.
Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.