https://sputnik.tj/20210302/Isfandiyor-jalbi-tojikistoniyon-DIISh-zindon--1032924127.html
Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд
Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T15:05+0500
2021-03-02T15:05+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
террористӣ
зиндон
дииш
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/06/1030930648_0:0:2771:1558_1920x0_80_0_0_ec45291d0a39351b6f775b2253a4812d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия."Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20200803/Az-Barodaroni-musalmon-to-NIT-bozdoshti-274-terrorist-dar-Toikiston-dar-shash-mo---1031673593.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/06/1030930648_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_77512dd84817633b1a86200a5d085ece.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, террористӣ, зиндон, дииш, тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, террористӣ, зиндон, дииш, тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд
15:05 02.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.
"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.
Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.
Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.