https://sputnik.tj/20210301/Mansabdor-barkanor-mukholif-Qodiri-Qosim-1032915408.html
Мансабдоре, ки баъди барканорӣ мухолиф шуд: мисоли Қодири Қосим
Мансабдоре, ки баъди барканорӣ мухолиф шуд: мисоли Қодири Қосим
Sputnik Тоҷикистон
Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо нашри як матлаб аз мухолифин танқид кардааст, ки онҳо ғаразу хусумат доранд ва мухолифи шахсият... 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T18:37+0500
2021-03-01T18:37+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_f783c188d922c58cd5c3b0bc18fcb66f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ноиби раиси парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки табиат ва ба истилоҳ “анатомия”-и мухолифинро таҳқиқу таҳлил кард.“Хоҳ дар ИМА, хоҳ дар Сингапур ва хоҳ дар кишвари афсонавии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷомеа шоҳу гадо, собиқ маҳбус, дузд, шахси азмансабрафта, ба мансаб нарасида ва аз сарвати бо роҳи дуздӣ бадастоварда маҳрумгардида мавҷуданд”, - навиштааст Қодири Қосим дар як матлабаш дар “Ховар”.Ӯ дар идомаи таҳлили табиати мухолифин аз мансабдоре зикр кард, ки “Зинда бод Тоҷикистон!” мегуфт, аммо барои заминфурӯшӣ аз мансаб сабукдӯш гардид.“Дар муддати 14 сол мақомоти гуногун, аз ҷумла мақоми судиро роҳнамоӣ мекарду амру дастур медод. Чун ба паси панҷараи маҳбас рафт, дод мезад, ки “куҷост адолати судӣ? Дар Тоҷикистон адолати судӣ нест!”, - изҳор дошт Қодири Қосим.Ноиби раиси парлумон гарчанде номи мушаххасро нагирифтааст, зоҳиран Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро дар назар дорад, ки ахиран бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла заминфурӯшӣ ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон гардид. Худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро беадолатӣ хонда, маҳкумшуда аз пушти панҷараи зиндон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ нест.
https://sputnik.tj/20210213/Mol-mulki-sudya-durug-barkanor-1032819391.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102531/73/1025317373_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_75b65385e3e7835d9678f6fe2b032bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат
Мансабдоре, ки баъди барканорӣ мухолиф шуд: мисоли Қодири Қосим
18:37 01.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо нашри як матлаб аз мухолифин танқид кардааст, ки онҳо ғаразу хусумат доранд ва мухолифи шахсият мебошанд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ноиби раиси парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки табиат ва ба истилоҳ “анатомия”-и мухолифинро таҳқиқу таҳлил кард.
“Хоҳ дар ИМА, хоҳ дар Сингапур ва хоҳ дар кишвари афсонавии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷомеа шоҳу гадо, собиқ маҳбус, дузд, шахси азмансабрафта, ба мансаб нарасида ва аз сарвати бо роҳи дуздӣ бадастоварда маҳрумгардида мавҷуданд”, - навиштааст Қодири Қосим дар як матлабаш дар “Ховар”.
Ӯ дар идомаи таҳлили табиати мухолифин аз мансабдоре зикр кард, ки “Зинда бод Тоҷикистон!” мегуфт, аммо барои заминфурӯшӣ аз мансаб сабукдӯш гардид.
“Дар муддати 14 сол мақомоти гуногун, аз ҷумла мақоми судиро роҳнамоӣ мекарду амру дастур медод. Чун ба паси панҷараи маҳбас рафт, дод мезад, ки “куҷост адолати судӣ? Дар Тоҷикистон адолати судӣ нест!”, - изҳор дошт Қодири Қосим.
Ноиби раиси парлумон гарчанде номи мушаххасро нагирифтааст, зоҳиран Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро дар назар дорад, ки ахиран бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла заминфурӯшӣ ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон гардид. Худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро беадолатӣ хонда, маҳкумшуда аз пушти панҷараи зиндон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ нест.