https://sputnik.tj/20210301/Bozdosht-vakil-Rusiya-Khabarovsk-1032914383.html
Боздошти шарики "Шоҳи харчангҳо" ва "сарватмандтарин вакили Русия" дар Хабаровск
Боздошти шарики "Шоҳи харчангҳо" ва "сарватмандтарин вакили Русия" дар Хабаровск
Sputnik Тоҷикистон
Вакили миллиардери Думаи вилоятии Сахалин Дмитрий Пашов, ки рӯзи ҷумъа дар Хабаровск боздошт шуда буд, барои ду моҳ ба ҳабс фиристода шудааст 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T17:25+0500
2021-03-01T17:25+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
боздошт
вакили дума
сахалин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032914155_0:50:1201:728_1920x0_80_0_0_23bb520c306ded515a9f7400f2bacb15.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манобеяш аз додгоҳи марказии ноҳия хабар додааст.Қаблан як манбаи агентӣ гуфта буд, ки Пашов ҳангоми сафари хизматӣ боздошт шудааст.Тавре ба РИА Новости президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои моҳидории вилояти Сахалин, вакили парлумони маҳаллӣ Максим Козлов шарҳ додааст, вакили парлумон ба наздикӣ ба бозпурсӣ рафт, ки дар чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии дер боз оғозшуда иштирок мекард.Расонаҳои маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ин парванда алайҳи шарики собиқи ӯ Олег Кан аст, ки ӯро "Шоҳи харчанг"-ҳо меноманд. Худи Кан дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.Моҳи декабри соли 2018, як шабакаи федералии телевизионӣ филмеро дар бораи моҳидории ғайриқонунӣ дар Шарқи Дур ва фурӯши харчанги Камчатка дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон намоиш дод.Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Кан яке аз ташкилотчиёни тиҷорати ғайриқонунӣ мебошад.Сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин қаблан ба дастгоҳи марказии департамент супориш дода буд, ки маводи парвандаро оид ба куштори соҳибкор Валерий Пхиденко дар соли 2010 аз кормандони дафтари марказии Кумитаи тафтишот Сахалин гирифта, фаҳмад, ки чаро онҳо тафтишро боздоштаанд.Кумитаи тафтишот муайян кард, ки Кан ташкилотчии куштор аст. Шарики ӯ Дмитрий Поляков соли 2011 маҳкум шуда буд.Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости ҚирғизистонДмитрий Пашов аз соли 2017 дар парлумони Сахалин менишаст.Ғайр аз ин, ӯ раиси раёсати иттиҳодияи моҳидории вилояти Сахалин ва соҳиби ширкати моҳидории Монерон мебошад.Соли 2019, Forbes Пашовро сарватмандтарин депутат дар Русия номид. Даромади эъломшудаи ӯ он замон 6,2 миллиард рублро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20210215/Nota-Tojikiston-Rusiya-bozdoshti-Rasulzoda-1032829094.html
сахалин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032914155_0:12:1201:766_1920x0_80_0_0_7a27dedf8784985dfe1092124eaae0fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, боздошт, вакили дума, сахалин
ҳамаи хабарҳо, дар русия, боздошт, вакили дума, сахалин
Боздошти шарики "Шоҳи харчангҳо" ва "сарватмандтарин вакили Русия" дар Хабаровск
17:25 01.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Вакили миллиардери Думаи вилоятии Сахалин Дмитрий Пашов, ки рӯзи ҷумъа дар Хабаровск боздошт шуда буд, барои ду моҳ ба ҳабс фиристода шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манобеяш аз додгоҳи марказии ноҳия хабар додааст.
"Суди марказии ноҳиявӣ 28 феврал чораи пешгирикунандаро дар намуди ҳабс ба мӯҳлати ду моҳ - то 26 апрел таъйин кард. Вай ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Хабаровск бу да то тасмими тафтишот он ҷо хоҳад монд",- шарҳ додааст манбаъ.
Қаблан як манбаи агентӣ гуфта буд, ки Пашов ҳангоми сафари хизматӣ боздошт шудааст.
Тавре ба РИА Новости президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои моҳидории вилояти Сахалин, вакили парлумони маҳаллӣ Максим Козлов шарҳ додааст, вакили парлумон ба наздикӣ ба бозпурсӣ рафт, ки дар чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии дер боз оғозшуда иштирок мекард.
Расонаҳои маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ин парванда алайҳи шарики собиқи ӯ Олег Кан аст, ки ӯро "Шоҳи харчанг"-ҳо меноманд. Худи Кан дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
Моҳи декабри соли 2018, як шабакаи федералии телевизионӣ филмеро дар бораи моҳидории ғайриқонунӣ дар Шарқи Дур ва фурӯши харчанги Камчатка дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон намоиш дод.
Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Кан яке аз ташкилотчиёни тиҷорати ғайриқонунӣ мебошад.
Сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин қаблан ба дастгоҳи марказии департамент супориш дода буд, ки маводи парвандаро оид ба куштори соҳибкор Валерий Пхиденко дар соли 2010 аз кормандони дафтари марказии Кумитаи тафтишот Сахалин гирифта, фаҳмад, ки чаро онҳо тафтишро боздоштаанд.
Кумитаи тафтишот муайян кард, ки Кан ташкилотчии куштор аст. Шарики ӯ Дмитрий Поляков соли 2011 маҳкум шуда буд.
Дмитрий Пашов аз соли 2017 дар парлумони Сахалин менишаст.
Ғайр аз ин, ӯ раиси раёсати иттиҳодияи моҳидории вилояти Сахалин ва соҳиби ширкати моҳидории Монерон мебошад.
Соли 2019, Forbes Пашовро сарватмандтарин депутат дар Русия номид. Даромади эъломшудаи ӯ он замон 6,2 миллиард рублро ташкил медод.