Қарз нест: Раҳмон гуфт, чанд миллиард доллар ба Данғара ҷалб шудааст

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРаҳмон Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо заминдорон
Раҳмон Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо заминдорон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Обуна шудан
Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, то имрӯз 1 миллиарду 155 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ноҳия ҷалб карда шудааст, ки аз ин 1 миллиарду 49 миллиону 146 ҳазор доллар сармояи мустақим мебошад
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои Исломиддин Раҳмон, соли гузашта нақшаи даромади буҷаи ноҳия барзиёд иҷро шуда, ба ҷои 144,1 миллион ба буҷа 160,6 миллион сомонӣ ворид шуд.
Рамзи Хӯшаи гандум дар ноҳияи Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Данғара шаҳр мешавад? Посухи раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ
Раиси ноҳия дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумхурият” аз сармоягузории давлатию хориҷӣ дар Данғара гуфта, иттилоъ додааст, ки то имрӯз беш аз 1 миллиарду 155 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Инчунин манбаъ зикр кардааст, дар ноҳия 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи истифодашуда 33,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 -ум 119 лоиҳаро ба маблағи 685,6 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 декабри соли гузашта 60 лоиҳа ба маблағи 478,9 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст”, - иттилоъ додаст Исломиддин Раҳмон.
Манбаъ афзудааст, ки ҳоло дар ноҳия 38 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, то 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ боз 4 корхонаи саноатӣ фаъол мешаванд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тайи соли 2020 дар ноҳия муодили 1 миллиарду 196 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, заминҳои паҳновари Данғараро захираи тиллоии Тоҷикистон хонда, таъкид намуд, ки танҳо одам даркор, ки ин заминро истифода барад.
Лентаи хабарҳо
0