https://sputnik.tj/20210228/khoriji-monand-sitoraho-1032906966.html
Шабнам ва Манижа дар Ҳолливуд: хориҷиҳои чун себи дукафон ҳаммонанди ситораҳои тоҷик
Шабнам ва Манижа дар Ҳолливуд: хориҷиҳои чун себи дукафон ҳаммонанди ситораҳои тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Пӯшида нест, ки одамони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон новобаста аз нажод ва одатҳояшон ба ҳамдигар монанданд. Чанд ситораи Ҳолливудро номбар кардан мумкин, ки агар... 28.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-28T16:03+0500
2021-02-28T16:03+0500
2021-04-19T16:56+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032843120_0:214:3149:1993_1920x0_80_0_0_cb171c8ec47b283843d5f00662a9697c.jpg
Духтарони зебои Тоикистонро - як дороии дигари кишвар мегӯянд. Бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста аз иқлиму шароит зоҳиран фарқ мекунанд: ранги ҷашм, ҳаҷми он, абрӯ, бинӣ ва ҳоказо.Пӯшида нест, ки новосбата аз нажоду рангу шакли даҳону бинӣ одамони ҷаҳон ба ҳам монанданд.Ситораҳои Ҳолливуд, ки машҳури тамоми дунёянд, агар куртаи тоҷикӣ пӯшанду акс гиранд, онҳоро аз як бону тоҷикистонӣ фарқ кардан мушкил мешавад.Sputnik Тоҷикистон рӯйхати чунин ҳунрамандони саҳнаи ҷаҳониро ҷамъоварӣ кард.Пенелопа КрузҲунарпешаи Ҳолливуд Пенелопа Круз яке аз дурахшонтарин диваҳои кинои Ғарб аст, бешубҳа, аввалин шуда байни онҳое истидааст, ки духтари бадахшонӣ метавон гуфт.Ба чашмони чуқури ғарқшуда ва абрӯвони саркаши ӯ нигариста, шумо бешубҳа мефаҳмед, ки қаҳрамони "Осмони ванилӣ" метавонист дар ягон гӯшаи Шуғнон таваллуд шавад.Доғи кунҷитаки рӯи Круз хоси мардумони кӯҳиест, ки дар баландии бештар аз 6 ҳазор аз сатҳи баҳр зери нурҳои сӯзони офтоб ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, Пенелопа Круз зодаи шаҳри Алкобендами Испания аст.Салма ХайекДухтари оташин, Салма Хайек тамоми хусусиятҳои зоҳироро дорост, ки барои гирифтани унвони "тоҷикдухтар" мубориза барад.Агар ба чеҳраи Салма бодиққат нигарем ва махсусан ба аксҳои ҷавониаш метавон чанд ҷои монандашро бо ҳунарманди зебои тоҷик Манижа Давлатова пайдо кард: чашмони гирд, қаду қомати расо ва муҳимаш абрӯвони сиёҳ. Албатта метавонанд, мухлисони Манижа иддао кунанд, ки мисли ҳунарманди тоҷик дар ҷаҳон зебое нест.Салма Хайек зодаи Мексика аст ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" мебошад.Ким КардашянДар назари аввал, изҳороти монандаи ситораи шоуи амрикоӣ ба ягон духтари тоҷик шубҳаовар ва ҳато метавонад таҳқиромез намояд.Аммо бо назардошти он ки феълан стандартҳои зебогӣ дар тамоми ҷаҳон тағйир меёбад ва маҳз асари "технологияи нав" як гурӯҳ бонувони ба ҳам монандро сохтааст. Рӯшантар гӯем, лабҳои бо роҳи сунъӣ васеъкарда, андоми бо роҳи амалиётҳои ҷарроҳӣ тағйирдодашуда, мӯйҳои сунъӣ ва абрӯвони сунъӣ барои ситораҳои тоҷик низ истисно нест.Бигзор дигаргуниҳои зиҳирии овозхони попи тоҷик Шабнами Сурайё, худашон бозгӯӣ ин далелҳо бошанд.Селена ГомесОвозхон ва ҳунарпешаи чобуки амрикоӣ Селена Гомес бо чашмони бодомшакл метавонист дар замони хонигарии Бухоро таваллуд шавад ва боиси илҳоми шоирони тоҷику форс шавад.Дар чеҳраи ин зани мексикоӣ-итало-англисӣ, ба мисли метисои ҳақиқӣ, якбора якчанд гурӯҳҳои этникӣ муттаҳид шуданд, бинобарин чеҳраи ӯ ба намуди духтарони минтақаҳои шимолии Тоҷикистон - Хуҷанд ё Панҷакент шабоҳат дорад.Селена Гомес шояд хабаре ҳам надорад, ки дар як гӯшаи ҷаҳон духтари ба вай монанди оддие ба сар мебарад.Фрида ПинтоҲунмарманди ҳиндуитабор, ки бештар дар филмҳои бритониёиву амрикоӣ нақш мебоазад, духтари сабзинаи тоҷикистониеро мемонад.Фрида дар Бомбей таваллуд шудааст ва махфӣ нест, ки тоҷикону ҳиндустониҳо монанд. Фрида Пинто решаҳои португалӣ низ дорад, аммо аз ҳиндустонӣ буданаш, хушаш меояд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032843120_0:68:3149:2047_1920x0_80_0_0_c875e3e7a950425949398c84ddf75962.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Шабнам ва Манижа дар Ҳолливуд: хориҷиҳои чун себи дукафон ҳаммонанди ситораҳои тоҷик
16:03 28.02.2021 (Навсозишуда: 16:56 19.04.2021) Пӯшида нест, ки одамони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон новобаста аз нажод ва одатҳояшон ба ҳамдигар монанданд. Чанд ситораи Ҳолливудро номбар кардан мумкин, ки агар куртаи тоҷикӣ пӯшидаву акс гиранд, ба тоҷикдухтар табдил меёбанд
Духтарони зебои Тоикистонро - як дороии дигари кишвар мегӯянд. Бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста аз иқлиму шароит зоҳиран фарқ мекунанд: ранги ҷашм, ҳаҷми он, абрӯ, бинӣ ва ҳоказо.
Пӯшида нест, ки новосбата аз нажоду рангу шакли даҳону бинӣ одамони ҷаҳон ба ҳам монанданд.
Ситораҳои Ҳолливуд, ки машҳури тамоми дунёянд, агар куртаи тоҷикӣ пӯшанду акс гиранд, онҳоро аз як бону тоҷикистонӣ фарқ кардан мушкил мешавад.
Sputnik Тоҷикистон рӯйхати чунин ҳунрамандони саҳнаи ҷаҳониро ҷамъоварӣ кард.
Ҳунарпешаи Ҳолливуд Пенелопа Круз яке аз дурахшонтарин диваҳои кинои Ғарб аст, бешубҳа, аввалин шуда байни онҳое истидааст, ки духтари бадахшонӣ метавон гуфт.
Ба чашмони чуқури ғарқшуда ва абрӯвони саркаши ӯ нигариста, шумо бешубҳа мефаҳмед, ки қаҳрамони "Осмони ванилӣ" метавонист дар ягон гӯшаи Шуғнон таваллуд шавад.
Доғи кунҷитаки рӯи Круз хоси мардумони кӯҳиест, ки дар баландии бештар аз 6 ҳазор аз сатҳи баҳр зери нурҳои сӯзони офтоб ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, Пенелопа Круз зодаи шаҳри Алкобендами Испания аст.
Духтари оташин, Салма Хайек тамоми хусусиятҳои зоҳироро дорост, ки барои гирифтани унвони "тоҷикдухтар" мубориза барад.
Агар ба чеҳраи Салма бодиққат нигарем ва махсусан ба аксҳои ҷавониаш метавон чанд ҷои монандашро бо ҳунарманди зебои тоҷик Манижа Давлатова пайдо кард: чашмони гирд, қаду қомати расо ва муҳимаш абрӯвони сиёҳ.
Албатта метавонанд, мухлисони Манижа иддао кунанд, ки мисли ҳунарманди тоҷик дар ҷаҳон зебое нест.
Салма Хайек зодаи Мексика аст ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" мебошад.
Дар назари аввал, изҳороти монандаи ситораи шоуи амрикоӣ ба ягон духтари тоҷик шубҳаовар ва ҳато метавонад таҳқиромез намояд.
Аммо бо назардошти он ки феълан стандартҳои зебогӣ дар тамоми ҷаҳон тағйир меёбад ва маҳз асари "технологияи нав" як гурӯҳ бонувони ба ҳам монандро сохтааст. Рӯшантар гӯем, лабҳои бо роҳи сунъӣ васеъкарда, андоми бо роҳи амалиётҳои ҷарроҳӣ тағйирдодашуда, мӯйҳои сунъӣ ва абрӯвони сунъӣ барои ситораҳои тоҷик низ истисно нест.
Бигзор дигаргуниҳои зиҳирии овозхони попи тоҷик Шабнами Сурайё, худашон бозгӯӣ ин далелҳо бошанд.
Овозхон ва ҳунарпешаи чобуки амрикоӣ Селена Гомес бо чашмони бодомшакл метавонист дар замони хонигарии Бухоро таваллуд шавад ва боиси илҳоми шоирони тоҷику форс шавад.
Дар чеҳраи ин зани мексикоӣ-итало-англисӣ, ба мисли метисои ҳақиқӣ, якбора якчанд гурӯҳҳои этникӣ муттаҳид шуданд, бинобарин чеҳраи ӯ ба намуди духтарони минтақаҳои шимолии Тоҷикистон - Хуҷанд ё Панҷакент шабоҳат дорад.
Селена Гомес шояд хабаре ҳам надорад, ки дар як гӯшаи ҷаҳон духтари ба вай монанди оддие ба сар мебарад.
Ҳунмарманди ҳиндуитабор, ки бештар дар филмҳои бритониёиву амрикоӣ нақш мебоазад, духтари сабзинаи тоҷикистониеро мемонад.
Фрида дар Бомбей таваллуд шудааст ва махфӣ нест, ки тоҷикону ҳиндустониҳо монанд. Фрида Пинто решаҳои португалӣ низ дорад, аммо аз ҳиндустонӣ буданаш, хушаш меояд.