https://sputnik.tj/20210228/Paydo-shugl-mushkil-zanon-mardikorbozor-1032907967.html
Пайдо кардани шуғл мушкил нест: вазир мушкили асосии занон дар мардикорбозорро гуфт
Пайдо кардани шуғл мушкил нест: вазир мушкили асосии занон дар мардикорбозорро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни изҳори бардошташ аз суҳбат бо занон дар мардикорбозори Бохтар изҳор дошт, ки қабл аз... 28.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-28T18:54+0500
2021-02-28T18:54+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
кор
мард
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103061/26/1030612637_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_17cb35b31af5783f3c61252872398f77.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Амонзода мегӯяд, аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад.“Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки, қабл аз ҳама, бо зеҳнияти ин нафарон кор гирем ва онҳоро соҳибихтисос гардонем”, - изҳор дошт вазир зимни баёни бардошташ аз мулоқот бо занон дар мардикорбозори Бохтар.Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият” зикр намудаст, ки вохӯрӣ берун аз нақшаи сафари корӣ ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Қубодиён ба миён омад.“Ман ҳангоми суҳбат ба онҳо шахсияти худро маълум накардам, чунки хостам ба мушкилоти онҳо аз наздик ошно шавам. Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст”, - изҳор дошт вазир.Вазир мушаххасан гуфт, ки баъди ин мулоқот чӣ кор кардӮ афзуд, баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд.“Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд. Ин тарзи барномарезӣ ҳам мушкилоти касбомӯзии онҳоро бартараф менамояд, ҳам даромади оилаашонро то андозае таъмин мекунад. Баъди муддати муайяни омӯзиш, онҳо соҳиби ҳуҷҷати расмӣ гашта, давра ба давра бо кор таъмин мегарданд”, - таъкид кардааст вазири меҳнат.
https://sputnik.tj/20210215/vazir-muloqot-zanon-mardikor-1032827085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103061/26/1030612637_88:0:1903:1361_1920x0_80_0_0_023a3371d08b2e4273f60052b84f99f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, кор, мард, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, кор, мард, дар тоҷикистон
Пайдо кардани шуғл мушкил нест: вазир мушкили асосии занон дар мардикорбозорро гуфт
18:54 28.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни изҳори бардошташ аз суҳбат бо занон дар мардикорбозори Бохтар изҳор дошт, ки қабл аз ҳама бояд бо зеҳнияти ин нафарон кор кунем
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Амонзода мегӯяд, аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад.
“Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки, қабл аз ҳама, бо зеҳнияти ин нафарон кор гирем ва онҳоро соҳибихтисос гардонем”, - изҳор дошт вазир зимни баёни бардошташ аз мулоқот бо занон дар мардикорбозори Бохтар.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият” зикр намудаст, ки вохӯрӣ берун аз нақшаи сафари корӣ ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Қубодиён ба миён омад.
“Ман ҳангоми суҳбат ба онҳо шахсияти худро маълум накардам, чунки хостам ба мушкилоти онҳо аз наздик ошно шавам. Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст”, - изҳор дошт вазир.
Вазир мушаххасан гуфт, ки баъди ин мулоқот чӣ кор кард
Ӯ афзуд, баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд.
“Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд. Ин тарзи барномарезӣ ҳам мушкилоти касбомӯзии онҳоро бартараф менамояд, ҳам даромади оилаашонро то андозае таъмин мекунад. Баъди муддати муайяни омӯзиш, онҳо соҳиби ҳуҷҷати расмӣ гашта, давра ба давра бо кор таъмин мегарданд”, - таъкид кардааст вазири меҳнат.