https://sputnik.tj/20210228/Maomot-guftand-ki-furshi-amvoli-shirkati-Umed-88-idoma-dorad-1032905229.html
Идомаи фурӯши амволи ширкати Раҷабалӣ Одинаев - “Умед 88”: шарҳи мақомот
Идомаи фурӯши амволи ширкати Раҷабалӣ Одинаев - “Умед 88”: шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Идораи иҷро дар вилояти Суғд дар бораи фурухта шудани ду нуқтаи сӯзишвории мансуб ба ширкати “Умед 88” хабар доданд 28.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-28T09:48+0500
2021-02-28T09:48+0500
2021-02-28T09:50+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/09/1028370969_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_a687672bd0a15594e7df828b6dc8f35b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фурӯши амволи ширкати “Умед 88” иттилоъ дод.Ӯ дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, то ин замон ду нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед 88” дар ноҳияҳои Айнӣ ва Б. Ғафуров фурӯхта шуданд.Ин масъули Раёсати Хадамоти иҷро ҳамчунин зикр намуд, ки то ин ҷониб фурӯши панҷ таъмингоҳи сӯзишвории мансуб ба “Умед 88” дар шаҳру навоҳии Суғд дар раванди иҷро қарор дорад.Мақомоти Раёсати иҷро аз соли 2019 то ин замон борҳо дар бораи ба фурӯш гузошта шудани молу амволи ширкати “Умед 88” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ эълон нашр намуда буданд. Бар пояи эълони нашршуда ҷамъи арзиши амволи ба фурӯшгузошташавандаи ин ширкат дар вилояти Суғд то 15, 6 миллион сомонӣ ҳисоб карда мешуд.Чанде пеш Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки 56 миллион сомонӣ зарари расида аз ҳисоби амволи ширкати “Умед 88” ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Ширкати “Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки моҳи октябри соли 2017 боздошт ва дар моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.Ваъдаи раиси "Умед - 88" барои пардохти пули давлат ва суоли муфаттишони ОжонсӣДар пайи боздошти Одинаев, Идибек Иброҳимов мудири ширкат ҳам барои 22 сол равонаи зиндон шуд. Ба эълони ин ҳукм, мақомот Одинаев ва ҳамкорашро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст.Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст."Умед 88" дар се соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.Шуморе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед 88” дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б. Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бӯстон ва Хуҷанд амал мекард.
https://sputnik.tj/20200131/Khadamoti-ijro-56-million-somoniro-az-hisobi-Umed-88-ruyond-1030639549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102837/09/1028370969_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cb4b2850f91c3ddce0466059a200b2e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Идомаи фурӯши амволи ширкати Раҷабалӣ Одинаев - “Умед 88”: шарҳи мақомот
09:48 28.02.2021 (Навсозишуда: 09:50 28.02.2021) Мақомоти Идораи иҷро дар вилояти Суғд дар бораи фурухта шудани ду нуқтаи сӯзишвории мансуб ба ширкати “Умед 88” хабар доданд
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фурӯши амволи ширкати “Умед 88” иттилоъ дод.
Ӯ дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, то ин замон ду нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед 88” дар ноҳияҳои Айнӣ ва Б. Ғафуров фурӯхта шуданд.
“Онҳо расман аз тариқи музоядаи оммавӣ ба фурӯш гузошта шуда, маблағи аз тариқи фурӯш ба дастомада тавассути суратҳисоби Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд ба манфияти давлат гузаронида шуд”, гуфт Иброҳимзода.
Ин масъули Раёсати Хадамоти иҷро ҳамчунин зикр намуд, ки то ин ҷониб фурӯши панҷ таъмингоҳи сӯзишвории мансуб ба “Умед 88” дар шаҳру навоҳии Суғд дар раванди иҷро қарор дорад.
Мақомоти Раёсати иҷро аз соли 2019 то ин замон борҳо дар бораи ба фурӯш гузошта шудани молу амволи ширкати “Умед 88” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ эълон нашр намуда буданд. Бар пояи эълони нашршуда ҷамъи арзиши амволи ба фурӯшгузошташавандаи ин ширкат дар вилояти Суғд то 15, 6 миллион сомонӣ ҳисоб карда мешуд.
Чанде пеш Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки 56 миллион сомонӣ зарари расида аз ҳисоби амволи ширкати “Умед 88” ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Ширкати “Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки моҳи октябри соли 2017 боздошт ва дар моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар пайи боздошти Одинаев, Идибек Иброҳимов мудири ширкат ҳам барои 22 сол равонаи зиндон шуд. Ба эълони ин ҳукм, мақомот Одинаев ва ҳамкорашро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст.
Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст.
"Умед 88" дар се соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.
Шуморе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед 88” дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б. Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бӯстон ва Хуҷанд амал мекард.