https://sputnik.tj/20210227/taekvandochiyoni-tojik-kholhoi-olimpi-1032900523.html
Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд
Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард 27.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-27T13:10+0500
2021-02-27T13:10+0500
2021-07-19T11:57+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101664/70/1016647065_3:1:1276:720_1920x0_80_0_0_205fc18c5375f8e75e722c3957d4dc25.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
https://sputnik.tj/20210227/Prezident-FFT-dehot-liga-chempionat-1032900173.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence
Sputnik Тоҷикистон
ЛИД: Дар қисмати ниҳоии мусобиқоти ҷаҳонии риштаи таэквандо дар барномаи selfdefence (худҳимоя) дастаи мунтахаби Тоҷикистон хуб ҳунарнамоӣ кард. Новобаста аз баромади олӣ беҳтарин варзишгари даста, қ
2021-02-27T13:10+0500
true
PT1M46S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101664/70/1016647065_21:0:1167:720_1920x0_80_0_0_7d4cd7855c38ba7e69384c290bfef2cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозиҳои олимпии пекин
навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозиҳои олимпии пекин
Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд
13:10 27.02.2021 (Навсозишуда: 11:57 19.07.2021) Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.
Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.