https://sputnik.tj/20210227/Suhbati-vazir-Maskav-naqshai-muhojiron-1032900336.html
Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо
Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат... 27.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-27T11:42+0500
2021-02-27T11:42+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/04/1032214989_0:22:1025:598_1920x0_80_0_0_94a31664de142279b900daaff49161d5.png
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.
https://sputnik.tj/20210221/Sodi-Safoev-amkorioi-Maskavu-Toshkand-dar-soli-2021-boz-am-khubtar-meashvand-1032869417.html
https://sputnik.tj/20210216/Vurud-tojikiston-Rusiya-1032838406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/04/1032214989_19:0:944:694_1920x0_80_0_0_41e311c5e5d39444e12cd2ca0d1705fa.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, дар русия, дар тоҷикистон
Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо
11:42 27.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат барои диверсификатсияи муҳоҷират ва фиристодани корҷӯёни тоҷик ба Корея, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.
Амонзода дар
суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.
Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.
Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.
Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.
“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.
Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.
Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.