Фиреби тоҷик аз ҷониби ҳамватан дар Маскав: 20 мошинашро гирифтаст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЗнак такси на автомобиле, архивное фото
Знак такси на автомобиле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фиреби як тоҷикистонӣ аз ҷониби ҳамватан дар шаҳри Маскав хабар додааст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Аэропорт в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Бемаошӣ ё қаллобӣ: чаро корманди амнияти фурудгоҳи Душанбе худро паронд?
Мақомот мегӯянд, дастгиршуда соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20 адад автомашинаро гирифтааст.
Марди муттаҳам ваъда додааст, ки бо мошоинҳои мазкур дар шаҳри Маскав “Таксӣ Парк” мекушояд.
ВУД мегӯяд, дар асл марди 48-сола мошинҳои гирифтаашро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба шахсони номаълум фурӯхтааст. Пули ба дастовардаро ба манфиати шахсияш истифода кардааст, тавзеҳ дод манбаъ.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон арзиши умумии мошинҳои гирифташударо 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0