https://sputnik.tj/20210226/rahmon-majlis-hukumat-1032899116.html
Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе
Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, ки дар он якчанд масъалаҳо матраҳ шуданд 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T19:35+0500
2021-02-26T19:35+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
маҷлиси ҳукумат
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032709623_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_da8594c44df2dc2581576a674695244f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар бораи баргузор шудани Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, дар он якчанд масъала баррасӣ шуд ва масъулин ҳисобот доданд.Гуфта мешавад, дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки бештар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин пешгирӣ карда шавад.Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.Инҳо - “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, "Дар бораи чарогоҳ” ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мебошанд.Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукуматро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.Ҳамчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хондДар охири кори маҷлис раиси Ҳукумат ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.
https://sputnik.tj/20210126/korshinos-andoz-zamin-sharh-1032699425.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032709623_182:0:2911:2047_1920x0_80_0_0_677aaf4211d07e6c6eb5dec300c9bc0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, маҷлиси ҳукумат, президент
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, маҷлиси ҳукумат, президент
Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе
19:35 26.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, ки дар он якчанд масъалаҳо матраҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар бораи баргузор шудани Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар он якчанд масъала баррасӣ шуд ва масъулин ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.
"Дар соли 2019 майдони 706 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, майдони 586 гектар, аз он 302 гектар обӣ ба заминҳои корам ва 120 гектар, аз он 119 гектар партови обӣ ба дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст", - гузориш додааст Хоҷазода.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки бештар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин пешгирӣ карда шавад.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.
Инҳо - “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, "Дар бораи чарогоҳ” ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мебошанд.
Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукуматро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аъзои Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.
Ҳамчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.
Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумат ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.