Мулоқоти маҷозии Нозирӣ бо Арзиев: марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад?

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПункт пропуска на границе, архивное фото
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Обуна шудан
Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни як конфронси видеоӣ ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.
Знак стоп-контроль на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.
Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.
Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.
Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0