https://sputnik.tj/20210226/garm-avrupo-qarb-1032897447.html
40 дараҷа: гармии ғайримуқаррарӣ дар Аврупои Ғарбӣ - акс
40 дараҷа: гармии ғайримуқаррарӣ дар Аврупои Ғарбӣ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дақиқан пас аз чанд ҳафтаи сардиҳои шадид, ҳамакнун шаҳрвандони Олмон, Нидерланд ва Британияи Кабир ҳавои форами баҳориро нафас мекашанд 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T17:28+0500
2021-02-26T17:28+0500
2021-08-10T16:52+0500
акс
аврупо
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032896816_0:129:3070:1865_1920x0_80_0_0_dff467ba70541bb48fdb6a7b8c5485c3.jpg
Мобайнҳои моҳи феврал сокинони Олмон лижаронӣ мекарданду аз барфи зиёд ҳаловат мебурданд. Ҳатто ин моҳ дар чанд соли ахир сардтарин моҳ арзёбӣ мешуд. Вале бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз барфҳо пурра об шуданд ва гӯё фасли баҳор дар охирин моҳи зимистон фаро расид.Дар аксар минтақаҳо гармии ҳаво якбора то 15 дараҷа гарм шуд.Дар Олмон ҳарчанд баҳор аз 20 - ми март оғоз меёбад, аммо имсол ба тавре рекордӣ он авохири моҳи феврал фаро расид. Ҳавосанҷон изҳор доштанд, ки давоми як ҳафта зуд гарм шудани ҳаво дар ин кишвар бесобиқа аст.Зеро як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 14 феврал дамои ҳаво дар Геттинген ва Саксония то 28 дараҷа сард буд, аммо рӯзи 21 - уми феврал ҳаво то 18 дараҷа гарм шуд.Ба ҳамин минвол, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Олмон то 41 дараҷа тафсон шуд. Чунин гармшавии ҳаво ҳанӯз соли 1880 ба қайд гирифта шуда буд.Мутаххасисон мегӯянд, бо чунин суръат гарм шудани ҳаво чандон хуб нест, зеро дарахтоне, ки ҳоло гул кардаанд, зуд пажмурда мешаванд.
https://sputnik.tj/20210219/bahor-dushanbe-gul-bodom-aks-1032858701.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032896816_0:32:3070:1962_1920x0_80_0_0_09c2b94207d705b04a4a964e6556fcbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, аврупо, обу ҳаво
40 дараҷа: гармии ғайримуқаррарӣ дар Аврупои Ғарбӣ - акс
17:28 26.02.2021 (Навсозишуда: 16:52 10.08.2021) Дақиқан пас аз чанд ҳафтаи сардиҳои шадид, ҳамакнун шаҳрвандони Олмон, Нидерланд ва Британияи Кабир ҳавои форами баҳориро нафас мекашанд
Мобайнҳои моҳи феврал сокинони Олмон лижаронӣ мекарданду аз барфи зиёд ҳаловат мебурданд. Ҳатто ин моҳ дар чанд соли ахир сардтарин моҳ арзёбӣ мешуд. Вале бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз барфҳо пурра об шуданд ва гӯё фасли баҳор дар охирин моҳи зимистон фаро расид.
Дар аксар минтақаҳо гармии ҳаво якбора то 15 дараҷа гарм шуд.
Дар Олмон ҳарчанд баҳор аз 20 - ми март оғоз меёбад, аммо имсол ба тавре рекордӣ он авохири моҳи феврал фаро расид. Ҳавосанҷон изҳор доштанд, ки давоми як ҳафта зуд гарм шудани ҳаво дар ин кишвар бесобиқа аст.
Зеро як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 14 феврал дамои ҳаво дар Геттинген ва Саксония то 28 дараҷа сард буд, аммо рӯзи 21 - уми феврал ҳаво то 18 дараҷа гарм шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Олмон то 41 дараҷа тафсон шуд. Чунин гармшавии ҳаво ҳанӯз соли 1880 ба қайд гирифта шуда буд.
Мутаххасисон мегӯянд, бо чунин суръат гарм шудани ҳаво чандон хуб нест, зеро дарахтоне, ки ҳоло гул кардаанд, зуд пажмурда мешаванд.

Ҳатто моҳи февралро давоми чандин солҳои ахир сардтарин моҳ арзёбӣ карданд

Вале чанде баъд барф зуд об шуд ва гӯё фасли баҳор дар моҳи охири зимистон фаро расид

Дар аксар минтақаҳо гармии ҳаво якбора то 15 дараҷа гамр шуд

Дар Олмон ҳарчанд баҳор аз 20 - ми март оғоз меёбад, аммо имсол ба тавре рекордӣ он авохири моҳи феврал фаро расид

Ҳавосанҷон изҳор доштанд, ки давоми як ҳафта зуд гарм шудани ҳаво дар ин кишвар бесобиқа аст

Зеро як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 14 феврал дамои ҳаво дар Геттинген ва Саксония то 28 дараҷа сард буд, аммо рӯзи 21 - уми феврал ҳаво то 18 дараҷа гамр шуд

Ба ҳамин минвол, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Олмон то 41 дараҷа тафсон шуд. Чунин гармшавии ҳаво ҳанӯз соли 1880 бақайд гирифта шуда буд

Дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ ҳарорат дар зимистон аз 20 дараҷа боло набуд

Барои сокинони Бритониё ҳафтаи охирини моҳи феврал аз ибтидои сол гармтарин буд

Дар Британияи Кабир ҳарорат тақрибан 13 дараҷа гарм аст

Дар Сантон Даун Хэм дар Суффолк 18,4 дараҷа гамрӣ сабт карда шуд, ки солҳои пеш ҳатто моҳи май чунин гармӣ ба қайд гирифта нашудааст